Тоҷикистон кай ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешавад?

© Flickr / SoumitraЛЭП, закат
ЛЭП, закат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон замони тақрибии пайвастшавии комили ҷумҳурӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тоҷикистон комилан ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна охири соли равон ва аввали соли оянда пайваст мешавад.
Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои Шоимзода, қисман пайвастшавӣ аллакай сурат гирифта, аз тариқи хатҳо дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ нерӯи барқ ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон содирот мешавад.
"Пайвастшавии комил ва кори параллелии низоми энергетикӣ охири соли равон ва аввали соли оянда дар назар аст", - афзуд ӯ.
Муовини аввали вазир гуфт, дар ин масъала омилҳои зиёд ҷой доранд ва ҷониби Тоҷикистон махсусан ба эътимоднокию устувории кори низоми ягона таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Таъкид ба масоили эътимодии кори низом дар ҳолест, ки аввали соли равон дар маркази ягонаи энергетикии Осиёи Миёна садама рух дод, ки дар натиҷа қисмати калоне дар се давлат - Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бебарқ монданд.
Шоимзода сари таъмини амнияту эътимоднокии кори низоми ягона якҷоя бо шарикон кор карда истодаанд.
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт, пайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикӣ аз тариқи ғарбу шимоли ҷумҳурӣ ба воситаи хатҳои баландшиддати интиқоли барқ амалӣ хоҳад шуд.
Первый заместитель Министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Шоимзода Джамшед Шоди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Харидор ҳаст, ҷустуҷӯи сармоягузор идома дорад: Шоимзода дар бораи сохтмони "Роғун"
Далер Ҷумъа бо зикри муҳимияти техникӣ ва низоми дифоъ, изҳор дошт дар ин лоиҳа технологияи муосир истифода мешаванд. Ӯ гуфт, кормандон аз омӯзишҳои такмили ихтисос гузаронда мешаванд.
Вазири тоҷик илова намуд, ки дар низоми ягона, маркази ҳамоҳангсозӣ - диспетчерӣ фаъолият дошт, ки бо назардошти талаботи нав дар ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо таҷдид мегардад.
Ин дар ҳолест, ки феълан иқтидори содиротии Тоҷикистон мавсимӣ буда, интизор меравад, ки бо фаъолсозии иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун" чунин имкон тамоми сол фароҳам хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0