Владимир Путин ба Эрон меравад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Сухангӯи Кремл низ сафари раисҷумҳури Русия ба Ҷумҳурии Исломии Эронро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки ӯ дар Теҳрон бо ҳамтоёни турку эронии худ мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда аз Эрон дидан мекунад. Дар ин бора хабаргузории "Mehr" бо истинод ба раиси кумиссиюни иқтисодии порлумони Эрон гузориш дод.
"Президенти Русия Владимир Путин ҳафтаи оянда ба Эрон сафар мекунад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков низ сафари Владимир Путин ба Эронро тасдиқ намуда, гуфт ин сафар рӯзи 19 июл сурат мегирад.
Ба таъкиди Песков, Владимир Путин дар Теҳрон бо раисҷумҳурони Эрону Туркия, Иброҳим Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи июн Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар дар Туркманистон бо раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ шахсан мулоқот кард.
Ҳамчунин, раисҷумҳури Эрон дар сафари ахираш ба Маскав дар кохи Кремл бо Владимир Путин дидор карда буд ва ҳамакнун ин дидори саввуми руасои Ҷумҳуриҳои ду кишвар хоҳад буд.
Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Э. Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин бо Раисӣ дар Туркманистон дидори ҷудогона мекунад
Ёдовар мешавем, моҳи гузашта Владимир Путин бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт кишвардори Русияро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат шахсан пешвоз гирифт ва дар Қасри миллат мулоқоту сӯҳбат баргузор намуданд.
Пасон, Владимир Путин аз Душанбе ба Ишқобод парвоз кард ва дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад, иштирок кард.
Бояд гуфт, сафар ба Эрон, саввумин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0