Зеленский олмониҳоро "девона" кард

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Обуна шудан
Хонандагони маҷаллаи олмонӣ аз он ки Зеленский тасмими Канада дар бораи баргардонидани турбинаҳо барои "Маҷрои шимолӣ"-и Русияро маҳкум кард, ба хашм омадаанд
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Олмониҳо аз интиқоди раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский нисбати Канада хашмгин шуданд. Дар ин бора шарҳҳои хонандагони маҷаллаи Spiegel шаҳодат медиҳанд.
Қаблан мақомоти Канада бо вуҷуди таҳримҳои зидди Русия тасмим гирифта буданд, ки турбинаҳои таъмиршудаи лӯлаи гази Маҷрои Шимолиро ба Олмон баргардонанд.
Ин тасмим дар ИМА дастгирӣ ёфт. Департаменти давлатии ин кишвар гуфт, ки чунин истисно аз низоми таҳримҳо имкон медиҳад, ки Аврупо захираҳои газро барқарор кунад.
Сиёсати Оттава боиси нооромиҳо дар Украина шудааст. Вазорати умури хориҷаи кишвар аз Канада даъват кард, ки ин тасмимро дубора баррасӣ кунад.
Дар навбати худ Зеленский гуфт, ки чунин чораҳо "комилан қобили қабул нест" ва метавонад "на танҳо барои Украина, балки барои тамоми кишварҳои демократӣ" хатарнок бошад.
Олмониҳо таъкид карданд, ки ин гуна изҳорот худхоҳона ва риёкорона аст. Ба эътиқоди онҳо, Киев қасдан аз таҳримҳои зидди Русия алайҳи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо истифода мекунад.
Президент Германии Франк-Вальтер Штайнмайер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
ВАО: Чӣ гуна президенти Олмон Зеленскийро дар ҷояш "шинонд"
"Ҳоло Украина ба тарафдорони он ҳамла мекунад! Оё мо бо Украина зери шиори "дарди муштарак нисфи дард аст" бимирем?!" — ба ғазаб омадааст яке аз шореҳон.
Дуюмӣ қайд карда, ки сарфи назар аз низоъ, Украина аз Русия маводи сӯхт дарёфт мекунад.
Дар ҳамин ҳол, "Ҷаноби Зеленский, бо тамоми ҷиддият мегӯяд, ки Олмон бояд иқтисоди худро ба шамол гузорад ва бидуни гази Русия кор кунад? Нақшаи бузург".
"Ба ҷои дикта кардани шароити бароҳат барои кишварҳои дигар, Зеленский метавонад аввал харид ва транзити газ аз Русияро дар кишвараш бас кунад", - тавсия додааст як хонандаи нашрия.
Агар раисиҷумҳури Украина нахоҳад, ки "дар кӯча" бошад, бояд мардумро бо гармӣ таъмин кунад, афзуд ӯ.
"Истино барои таҳримҳо нишонаи заъф аст”. Агар Зеленский бовар дошта бошад, ки олмониҳо бо хушнудӣ кори худро зери хатар мегузоранд, хато мекунад", - изҳор дошт шореҳ.
"Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод карданд
Бархе аз хонандагони маҷалла гуфтаанд, ки ба андешаи раҳбари Украина дар ин вазъият "ҳеҷ кас парво надорад" ва давлатҳои дигар низ манофеи худро доранд.
Онҳо инчунин Зеленскийро даъват карданд, ки ба ҳалли мушкилаш пардозад, на ташдиди низоъ дар кишвар.
Лентаи хабарҳо
0