Ҳафт асари таърихии Бухоро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони ислом дохил карда шуд

CC BY-SA 4.0 / LBM1948 / Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан
Медресе Мири-Араб; Ансамбль По-и-Калян. Бухара, Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати гардишгарӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон аз сабти 7 асари таърихии Бухоро дар феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони ислом хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳафт асари меросфарҳангии Бухоро ба феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом дохил карда шуд ва гувоҳинома дарёфт кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, Ожонси мероси фарҳангии вобаста ба Вазорати гардишгарӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон ахиран эълом кард, дар нишасти ахири Созмони ҷаҳонии исломӣ барои омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳангии Ойсеско дар Марокаш 7 асари мероси фарҳангии Бухро дар феҳрасти мероси фарҳангии ҷаҳони ислом дохил карда шуд.
Манбаъ хабар додааст, ки ин 7 асари мероси фарҳангии Бухоро гувоҳиномаи ин созмонро дарёфт кард.
Концерт по случаю визита в Душанбе президента Узбекистана Шавката Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ғалабаи фарҳанги тоҷик: фалак ба феҳристи мероси ЮНЕСКО ворид шуд
Солим Алмолик, мудири кулли Созмони ҷаҳонии исломӣ дар умури омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳанг гувоҳиномаҳои марбут ба мақбари Исомили Сомонӣ, муҷтамаҳои Чорбакр ва Баҳоиддини Нақшбанди, масҷиди Мағоки Атори, муҷтамаи Пойикалон, шаҳрҳои бостони Пойкунт ва мадрасаи Тошрасоиро тақдим кард.
Ожонси мероси фарҳанги барномарези мекунад барои таблиғизи осори мероси ғанӣ фарҳангии Ӯзбекистон бо ҳузури олимони исломи ҳамоишҳои илми ва байналмиллалӣ баргузор кунад.
Лентаи хабарҳо
0