Ғолибони қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум муайян шуданд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбольный мяч,архивное фото
Футбольный мяч,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
"Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи бебохтҳои худро идома дод ва дар даври охирин дастаи "Душанбе"-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, садрншини ҷадвал шуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бозиҳои даври 11-уми Қаҳрамонӣ оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум ҷамъбаст гардид.
Бино ба гузориши Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи бебохтҳои худро идома дода, дар даври охирин бар тими футболи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Ба ин тавртиб, тими "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун лидери ҷадвал бо 29 имтиёз боқӣ монд.
Дастаи футболи "Барқчӣ" охирин бозии таъхиргузоштаи худро муқобили дастаи "Сарҳадчӣ" бо ҳисоби 3:0 бо пирӯзӣ паси сар кард.
Федератсияи Суғд дастаҳои футболро барои дарёфти ҷом даъват мекунад
Вале, дар бозии асосии давр бо дастаи футболи "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби калони 5:2 мағлуб гардид.
Дастаи футболи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фархор дар қатори дастаи "Куктош" ҳамчун дастаи ғолиб барои ба садри ҷадвал баромадан талош кард.
"Ҳосилот" дар бозии охирин бар дастаи футболи "Панҷшер""-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд.
Шикасти мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022 аз тими Ӯзбекистон
Дар зинаи сеюм бошад "Динамо"-и Душанбе ҷой гирифт.
Лентаи хабарҳо
0