"Ин ҳанӯз поёни кор нест". Тақдири евро ва доллар дар оянда чӣ мешавад?

© PixabayДоллар и евро
Доллар и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Евро аввалин бор дар 20 соли охир ба доллар баробар шуд. Сусткории БМА, ки ба таваррум ба таври оҳиста вокуниш нишон медиҳад, ба ин раванд таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik, Ирина Красикова. Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки коҳиши таъмини манобеи энержии Русия боиси таназзули тӯлонӣ ва амиқ барои ИА хоҳад шуд. Сармоягузорон шубҳа доранд. Гузашта аз ин евро бо хатари аз даст додани мақоми захиравии худ ба унвони асъор рӯ ба рӯст.

Камтарин арзиш дар 20 сол

Ҳатто дар соли буҳронии 2008 евро аз доллар 1,6 баробар гаронтар буд. Акнун арзишҳо баробар шудаанд.
Коршиносон тавзеҳ медиҳанд, ки сиёсати Системаи захираҳои федералии ИМА ва Бонки марказии Аврупо аз ҳад зиёд фарқ мекунанд. Бинобар тасреи таваррум танзимкунандаи амрикоӣ соли ҷорӣ мизони асосиро се баробар баланд бардошта, онро ба 1,5-1,75 фоиз расонд. Дар Аврупо ин рақам то ҳол манфӣ аст - манфии 0,5. БМА ба пурзӯр кардани сиёсати пулию қарзӣ шитоб намекунад. СХФ баръакс хашмгинона амал мекунад ва ин ба евро фишори зиёд меорад.
Дар натиҷа даромади вомбаргҳои хазинадории ИМА нисбат ба вомбаргҳои ҷаҳони куҳна баландтар мешавад. "Иқтисоди ИМА дар муқоиса бо аксари кишварҳои дигар беҳтар аст. Илова бар ин талабот ба доллар ҳамчун дороии дифоӣ афзоиш меёбад. Бинобар ин ташаннуҷи геополитикӣ ҳамеша мунҷар ба коҳиши ММД дар ҷаҳон, афзоиши хатари буҳрони энергетикӣ ва ғизоӣ мешавад”, - мегӯяд Марк Гойхман, иқтисодчии аршади Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии “TeleTrade”.
Аврупо бештар аз камбуди нерӯи барқ ​​ба далели эмбарго ба нафту гази Русия азият мекашад.
Сжигание стодолларовой купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2022
Пешбинии иқтисоддонҳо дар бораи гароншавии доллар
Дар моҳи июн мизони солонаи таваррум дар минтақаи евро аз 8,5 дарсад гузашт, ки рекорди таърихӣ дар ҳисобҳои оморӣ мебошад. Ҳиссаи асосиро таъруфаҳои энергетикӣ гузоштанд, онҳо қариб 42% ба ин вазъ илова карданд. Ҳиссаи маводи ғизоӣ 8,9, ва аз маҳсулоти саноатӣ 4,3 дарсад гуфта мешавад. Нархҳо бештар дар кишварҳои Соҳили Балтика боло рафтанд, ки бахусус ба карбогидридҳо вобастаанд.
Афзоиши нархи сӯзишворӣ ва ашёи хоми кишварзӣ иқтисодиёти минтақаро хароб мекунад. Ғайр аз ин паноҳандаҳо, кам шудани содирот ба Русия мушкили дигаре болои Урупо зам мекунад. Владислав Антонов, таҳлилгари молии “BitRiver”, мегӯяд:
"Суқути евро ба далели тарси таназзули ногузир дар минтақаи евро дар шароити буҳрони энержӣ суръат гирифт. Илова бар ин беамалии БМА бозигарони бозорро маҷбур ба бастани мавқеиятҳои харид кард".
Бар зидди минтақаи евро шартгузорӣ накунед, гуфт президенти собиқи БМА Жан-Клод Трише ба сармоягузорон. Бори охир дар соли 2011 ин мизон бо раҳбарии ӯ боло рафта буд.
Эҷоди мушкилоти логистикӣ ба оташи таҳримҳо рӯған рехт, ки барои Аврупо нисбат ба Иёлоти Муттаҳида ҳассостар аст. Касри рекордии тиҷорат, ки боз бо сабаби болоравии нархи нафту газ ба вуҷуд омадааст, низ таъсир доштааст.
Таҳлилгарон коҳиши минбаъдаи қурби евро дар баробари доллар ва муттаҳидшавии ин ҷуфтро ҳатто дар ҳадди поинтар аз баробарӣ пешгӯӣ мекунанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки харидани асъори кишварҳои бегона хатар дорад. Дар ҳоле ки эъмоли таҳримҳои нав имконпазир аст, истифода аз он пулҳо мушкил хоҳад буд. Илова бар ин бонкҳо барои хидматрасонии чунин суратҳисобҳо ҳаққуззаҳма талаб мекунанд. Зарбаҳое, ки ИА ва сиёсати пулию қарзии БМА дучор шуданд, дар муддати тӯлонӣ ба иқтисодиёт ва асъори Аврупо фишор меоранд.

Омода набуданд

Вазъият вақте тағйир хоҳад ёфт, ки давраи болоравии меъёри СЗФ ба охир расад ва БМА барои таҳкими сиёсати пулию қарзӣ ҳаракат кунад. Аммо чизи асосӣ ин аст, ки нархи нафту газ бояд муътадил шавад.
Дар ҳамин ҳол як мегаватт/соат барқ барои эстониҳо аллакай 400 евро арзиш дорад. Ин мизон барои олмониҳо ба 300, барои фаронсавиҳо, тибқи пешбиниҳо, дар моҳҳои октябр-декабр қариб ба 800 евро баробар хоҳад шуд. Дар шароити кунунии шадид аврупоиҳо маҷбуранд, аз нақшаҳои сабзи худ даст кашанд. Онхо ба сузишвории "ифлос", аз ҷумла ангишт бармегарданд.
Лоббии энергетикӣ низ тадриҷан тамоми зарари таҳримҳои зидди Русияро дарк мекунад. Аз ҷумла, президенти Палатаи тиҷоратии Австрия Ҳаралд Марер ин гуна сиёсатро "нодуруст ва музир" номид. Ба гуфтаи ӯ, бюрократҳои аврупоӣ фаромӯш кардаанд, ки мардумро дар бораи он ки чӣ қадар маблағ пардохт мекунанд, огоҳ созанд.
Сӯзишвории кабуд махсусан арзон аст. Дар се моҳ, фючерсҳои август дар биржаи ICE 77,7 фоиз боло рафтанд. Сабаби аслӣ кам шудани интиқол аз Русия аст. "Аз панҷ масир ба Аврупо, воқеан, як “Маҷрои шимолӣ” кор мекунад ва баъдан бо сеяки иқтидори он. Интиқол аз тариқи OPAL, “Маҷрои Туркия”, СИГ-и Украина ба ҳадди ақал расидааст. Ва “Ямал – Аврупо” таҳти иқдомоти зиддитаҳримии Русия қарор дорад", - мегӯяд Артем Деев, сардори шуъбаи таҳлилии “Amarkets”.
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Русия интиқоли газ ба Аврупо тавассути "Маҷрои шимол"-ро қатъ кард
Илова бар ин Канада то ҳол турбинаҳои компрессории гази “Норд стрим”-ро пас аз таъмир барнагардондааст. Дар натиҷа кувваи барқ 60 фоиз кам шудааст. Иқдомоти боздории пешгирикунанда дар даҳаи дуюми моҳи июл бар ин мушкилот афзудааст.
Пас аз ироаи паёми Канада дар бораи ин ки турбинаҳоро рӯзи 8 июл интиқол медиҳад ва корҳои ба нақша гирифташуда дар “Маҷрои шимолӣ” пас аз 21-ум ба итмом мерасанд, нарх каме поин рафт.
Аммо сӯзишвории кабуд ҳанӯз хеле гарон аст. Воридоти баъзе аз кишварҳо аз Русия ба далели сарпечӣ аз пардохт бо рубл коҳиш ёфт.
"Дар чунин шароит аврупоиҳо маҷбур мешаванд, ки нерӯи барқро сарфа кунанд, таъминкунандагони алтернативии сӯзишворӣ ҷустуҷӯ кунанд", - гуфт Деев.
Умедҳои Аврупа дар бораи LNG-и америкоӣ ҷомаи амал напӯшиданд: танкрҳо кофӣ нестанд. Онҳо барои муддати дароз ба дигар ҷойҳо, асосан ба Осиё иҷора дода шудаанд.
"Анборҳои гази зеризаминии аврупоӣ камтар аз 60 дарсад пур шудаанд. Маъмулан то 1 ноябр онҳо бояд 80 дарсад пур бошанд. Ин корро кардан душвор хоҳад буд. Дар сурати ноком шудан сӯзишвории кабуд дар ИА то феврал тамом мешавад", - ҳушдор медиҳад коршинос.
Таҳлилгарон интизори афзоиши минбаъдаи қимати гази табиӣ дар Аврупо ва дар натиҷа боло рафтани тарифҳои хидматрасонии коммуналию маводи ғизоӣ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0