Колхоз не, кластеркунонӣ: дар Тоҷикистон шакли нави хоҷагидорӣ пайдо мешавад

Старт осеннего сева в поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти кишоварзии Тоҷикистон бозсозии совхозу колхозҳоро рад мекунанд, аммо дар зимн аз нияти роҳандозии шакли нави хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон шакли нави хоҷагидорӣ дар бахши кишоварзӣ роҳандозӣ мешавад ва аллакай қарори ҳукумат дар ин бахш қабул гардидааст.
Дар ин бора масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Саъдӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, тавзеҳ дод, ки колхозу совхозҳо дар ҷумҳурӣ ташкилу барқарор карда намешаванд. Ба гуфтаи вазир, ин шакли хоҷагидорӣ камсамарии худро дар гузашта нишон дод, эҳёяшонро зарур намедонад.
"Колхозу савхозҳое, ки буданд, солҳои 1997 - 1998 то 1999 муфлис шуданд, миллион - миллион қарздор гардиданд. Маҷбур шудем, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил кунем. Феълан дар ҷумҳурӣ 193 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд", - зикр намуд вазир.
Вай афзуд, дар назар аст, ки дар ин бахш ассотсиатсияю кооперативҳо фаъол карда шаванд.
Дар шарҳи шакли нави хоҷагидорӣ масъулини Вазорат тавзеҳ доданд, ки он бар асоси кластеркунонии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат мегирад. Таъкид шуд, ки аллакай қарори ҳукумат дар бора қабул шуда, муҳлати татбиқи он то соли 2040 муқаррар гардидааст. Феълан дар ин самт корбарӣ идома дорад, илова намуданд масъулини Вазорат.
Тележка для продуктов в супермаркете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Дар Тоҷикистон истеҳсоли ду маҳсул афзоиш ёфт
Талошҳо барои ислоҳот дар соҳаи кишоварзию тавлиди маҳсулоти бештар дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додаст. Феълан бисёри маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғизои асосии мардуми ҷумҳурӣ - гандум аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0