Хадамоти алоқа сабаби қатъи интернет дар ВМКБ-ро гуфт. Зарари мизоҷонро кӣ ҷуброн мекунад?

© SputnikИльхом Атоев, заместитель руководителя службы связи
Ильхом Атоев, заместитель руководителя службы связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро ба далоили амниятӣ рабт дода, ҳадафи онро ҳифзи субот хонд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Қатъ интернету алоқа дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки нимсолаи аввали соли равон сурат гирифт, тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифт.
Ин нуктаро Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид кард.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадафи он таъмини бехатарии шаҳрванд, ҷамъият ва сулҳу субот дар кишвар мебошад.
Дар мавриди он, ки ҷуброни зарари муштариёнро кӣ пардохт мекунад, чун сарфи назар аз қатъи дастрасӣ ҳаққи интернету алоқаро пардохт кардаанд, Атоев изҳор дошт, ки инро қонунгузорӣ муқаррар кардааст. Вай мушаххас нагуфт, ки қонунгузор кӣ ё кадом ниҳодро масъули пардохти ҷуброни зарар ба муштариён дар чунин ҳолатҳо кардааст.
Серверная, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Иддаои Хадамоти алоқа дар бораи боло бурдани суръати интернет дар Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет охири моҳи июн барқарор шуд. Сокинони вилоят беш аз як моҳ аз истифодаи он маҳрум буданд.
Интернет дар ВМКБ пас аз эътирозҳо дар нимаи моҳи майи соли равон қатъ гардида буд.
Инчунин моҳи ноябри соли гузашта хадамоти интернет дастнорас шуда буд, ки моҳҳо тӯл кашид. Он замон интернет пас аз таҷаммӯи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябр дар шаҳри Хоруғ қатъ шуд.
Сокинони вилоят танҳо бо гузашти чор моҳ, аниқтараш дар арафаи ҷашни Наврӯз дубора ба интернет дастрасӣ пайдо карданд.
Лентаи хабарҳо
0