Раҳмон бар он аст, новобаста аз буҳрони иқтисодиву таҳримҳо НБО “Роғун” бояд сохта шавад

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури кишвар мегӯяд, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот набояд монеи сохтмони НБО “Роғун” шаванд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо бунёдкорони НБО “Роғун” қайд кардааст, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.
Ба гуфтаи вай новобаста аз ин, азми мо барои ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” қатъӣ мебошад.
“Бо дарназардошти аҳаммияти стратегӣ доштани иншооти мазкур ва бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намуд”,- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншооти азим, ки барои давлат ва халқи Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дорад ва бо сифати баланд иҷро гардидани онҳо аз сохтмончиён вобастагии ниҳоят калон дорад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Раҳмон: Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” боз 2,6 млрд сомонӣ ҷудо мешавад
Вай афзуд, ҳукумати кишвар, илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ кор бурда истодааст.
“Аз ҷумла ҷиҳати татбиқи маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба ин, коршиносони бонки мазкур ба минтақаи сохтмони неругоҳ ташриф оварда, таҳқиқоти иловагии заруриро анҷом доданд”,- зикр кард кишвардори Тоҷикистон.
Приветственная надпись Рогунской ГЭС на горе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Шиносиии Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии НБО “Роғун”
Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова кард, ки дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии вариантҳои маблағгузорӣ ду маротиба мизи мудаввар ва бо иштироки намояндагони Ҳукумат, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ якчанд вохӯрӣ баргузор карда шуд.
"Минбаъд ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии "Роғун" дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор корҳо амалӣ мегарданд", -афзуд роҳбари Тоҷикистон.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳамаи корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд ва соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад.
Лентаи хабарҳо
0