Раҳмон ба роҳбари ширкати “Вибилд: Сарбанди НБО "Роғун" сари вақт ва босифат сохта шавад

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон президент РТ
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбари ширкати “Вибилд” таъкид доштааст, ки корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун бояд сари вақт ва босифат иҷро гарданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, ахиран дар шаҳри Роғун Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар бо Пиетро Салинӣ, роҳбари ширкати “Вибилд” дидору мулоқот кард.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Вибилд” дар мавриди иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмони иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида кардааст, андешаронӣ кард ва таъкид доштааст, бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Оғози сафари кории Раҳмон ба НБО “Роғун”
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Вибилд” ба кишвардори Тоҷикистон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот дод.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, ки роҳбари кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ширкати “Вибилд” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ ба шаҳри Роғун сафар кард ва бо рафти сохтмони бузургтарин НБО "Роғун" ошно шуд.
Лентаи хабарҳо
0