Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори додгоҳии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон дар сохтори Суди Олии Иқтисодии кишвар ва Суди Олӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард. Номзадҳои нав бо президент дидор карданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаи додрасҳои Суди Олӣ ва Суди Олии Иқтисодӣ интихоб гардиданд, барои гуфтугӯ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба гузорииши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, номзадии Мирзозода Рустам Пираҳмад ба вазифаи раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда.
Ҳамчунин Комилӣ Файзали ба вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хайриддинзода Азизбек ба вазифаи муовини раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Дар баробари ин кишвардор ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки 10 додраси дигар таъин карда шаванд:
Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Бекзода Абдураҳим Абдулло ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ёқубзода Абдураҳмон Холдор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Маҳмадзода Хуршед Бобохон ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Солеҳзода Зарина Тағойназар ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Усмонзода Тоҷиддин ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Хафиззода Темур Ҷамшед ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор ба вазифаи Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президент раиси суди Олии иқтисодӣ ва 11 масъулро барканор кард: ном ба ном
Лентаи хабарҳо
0