Ҳушдор аз фаромадани сели пиряхӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон

© пресс-служба президента РТСело Навобод, пострадавшее от стихии
Село Навобод, пострадавшее от стихии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Наҷотдиҳандагон сокинони Тоҷикистонро аз ҳавои номусоиди рӯзҳои наздик хабар доданд: дар баъзе минтақаҳои кишвар омадани сел аз пиряхҳо дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Аз 13 то 14 июл дар баъзе навоҳии Тоҷикистон сели пиряхӣ мефарояд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи кишвар, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон селфароӣ дар назар аст.
Кормандони КҲФ аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз ҳезумчинӣ, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва занбурўғ худдорӣ кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд, суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд накунанд ва ба қадри имкон аз сафар ба минтақаҳои хатарнок комилан худдорӣ намоянд
Наҷотдиҳандагон аз сокинон хостаанд, ки ба зудӣ ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна дарахту чӯб ва сангу шағал тоза кунанд.
Аҳмадзода дар Ворух бо сокинони аз сел зарардида суҳбат карду ба масъулин супориш дод
Дар сурати омадани сел коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки дару тирезаро маҳкам баста, барқ, об ва газро хомӯш кунед.
Эҳтимол аст, ки одамон, биноҳо ва иншоот дар сатҳи сели ҳаракаткунанда қарор гиранд. Дар ин маврид шумо бояд биноро тарк карда, ба қадри имкон боло ҳаракат кунед ва мувофиқи вазъият амал карда, ҳангоми боз истодани ярч аз сангҳо, пораҳои иншоот, девор, гилхок, ки аз паси он меояд, эҳтиёт шавед.
Пас аз ба охир расидани фурӯрезии ярч ва сел, пеш аз баргаштан ба хонаҳо боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки дигар хатар вуҷуд надорад.
Бар асари сел дар Ворух 40 ҳавлии сокинон хароб шудааст – шарҳи расмӣ
Кормандони КҲФ дар ҳолати хатар, таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулк хоҳиш кардаанд, ки телефонҳои 112 ё ба шӯъбаи навбатдорӣ: 93-880-28-19, 223-13-11 занг зананд.
Лентаи хабарҳо
0