Мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши воридоти гандум ва истеҳсоли орд хабар медиҳанд

Пшеница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар додааст, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта воридоти гандум аз Қазоқистон ба кишвар беш аз 15 дарсад коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тавре, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 374,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 119,3 млн. доллар бо нархи миёнаи 319 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,3 ҳазор тонна ё 15,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон масъулини ин ниҳод қайд карданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2022 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 55 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Инчунин ба иттилои хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ин давра дар ҷумҳурӣ 227,5 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 124,2 ҳазор тонна (227,7-351,7) ё 35,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

"Дар ин давра тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар 227,5 ҳазор тонна орд истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 124,2 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст", - иттилоъ додаанд масъулини ин ниҳод.

Масъулин мегӯянд, ки тибқи таҳлилу омӯзиши вазъи бозори гандуму орд ва динамикаи нархҳо ба ҳолати имрӯза нишон медиҳад, ки нархи гандум аз Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандаи калидии маҳсулоти орд ва гандум (97,9%) ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 245-250 доллар то ба 380-405 доллар афзоиш ёфтааст.
Мука на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Истеҳсоли орд дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Ҳамзамон дар нимсолаи якуми соли 2021 ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 23 098,1 тонна орд ба маблағи 8 166,7 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 354 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0