Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор навзодро хатна карданд

CC0 / pexels / Новорожденный
Новорожденный - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон беш аз 500 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи охири соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 46194 кӯдаки навзод аз амалиёти хатна гузаштанд.
Дар ин бора котиботи Вазорати тандурустӣ ва ҳимфзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти хатна барои кӯдакони навзод ба таври ройгон амалӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, феълан дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру навоҳии мамлакат 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷароҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз гардидааст.
Вазорат мегӯяд, дар ҳуҷраҳои махсус ҷароҳони соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд.
Центральная межрайонная больница в селении Талхоб Дангаринского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Занони Росровут дигар дар хона таваллуд намекунанд: Калонов барои онҳо таваллудхона сохт
Бояд қайд кард, ки тибқи тағйиру иловаҳое, ки соли 2017 ба қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид шуда буд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.
Ҳамчунин маросими мазкур танҳо дар доираи аҳли оила ва бидуни оростани маърака сурат гирифта, амалиёти хатна дар ҳуҷраҳои махсуси муассисаҳои тиббӣ барои кӯдакон ройгон анҷом дода мешавад.
Манбаъ қайд кардааст, ки тағйиру иловаҳо ба Қонун дар робита ба гузаронидани кӯдакон аз амалиёти хатнаи ройгон дар муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакон будааст.
Лентаи хабарҳо
0