Тоҷикистон гардиши савдои хориҷиро афзоиш дод

© PixabayКонтейнеры в порту, архивное фото
Контейнеры в порту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон нишондиҳандаҳои гардиши мол бо кишварҳои дигарро беҳтар кардааст, вале воридоти ҷумҳурӣ ҳамоно аз содирот бартарӣ дорад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳ 3,7 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин рақамҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 790,3 миллион доллар (27,1%) бештар аст.
Каримзода ҳамчунин гуфт, ҳаҷми воридот ба ҷумҳурӣ 2,4 миллиард доллар ва содирот аз кишвар 1,4 миллиард долларро ташкил додааст.
Точикистон асосан ба дигар давлатҳо маъдан, консентрат, пахта, алюминий, қувваи барқ ва дигар молҳоро интиқол медиҳад.
Ҷумҳурӣ асосан маҳсулоти нафтӣ, гандум, воситаҳои нақлиёт ва равгани растанӣ мехарад.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми содирот ба Қазоқистонро афзоиш додааст.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд
Дар ин муддат ҷумҳурӣ ба кишвари ҳамсоя ба маблағи 245 миллион доллар мол фиристодааст.
Ба гуфтаи намояндагони Хадамоти гумруки кишвар, ин рақамҳо нисбат ба соли гузашта 51% бештар аст. Аз моҳи январ то июни соли 2021 Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи 161,6 миллион доллар маҳсулот фиристода буд.
Маълум аст, ки дар соли 2022 аз ҷумҳурӣ маъдан, консентратҳои мис, сурб ва руҳ содирот мешавад. Арзиши умумии онҳо 216,8 миллион доллар арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон содирот ба яке аз кишварҳои ҳамсояро афзоиш дод
Дар ҳамин ҳол, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон коҳиши воридот мушоҳида мешавад. Аз моҳи январ то июни соли 2022 ба кишвар ба маблағи 397 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0