Афғонистон - бадтарин кишвари ҷаҳон дар шохиси баробарии зану мард

© AFP 2022 / Hoshang Hashimi Женщина в бурке с ребенком на улице в Кабуле
Женщина в бурке с ребенком на улице в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Поймол шудани ҳуқуқи занон дар Афғонистон ин кишварро дар феҳрасти бадтарин ҷамоҳири ҷаҳон дар ростои риояти ҳуқуқи инсон қарор додааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ба асоси таҳқиқи Маҷмаи ҷаҳони иқтисод, Афғонистон дар раддабандии шохис баробарӣ миёни занону мардон дар соли 2022 дар интиҳои ҷадвал қарор гирифта, бадтарин кишвари ҷаҳон шинохта шудааст
Дар ин радабандӣ, Исландия аз миёни 146 кишвари ҷаҳон дар садр қарор гирифтааст ва пас аз он ба тартиби кишварҳо Финландия, Норвегия, Зеландияи нав ва Шветсия қарор доранд, Афғонистон низ бадтарӣн шароитро дар ҷаҳон дорад.
Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар ин таҳқиқ вазъияти баробарии ҷинсиятӣ дар ҷаҳонро дар бахшҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, омӯзишӣ ва сиҳатӣ баррасӣ ва эълом кардааст, ки агарчӣ вазъият шикофи ҷинсиятӣ дар саросари ҷаҳон аз соли 2006 токунӯн беҳбудии 3,8 дарсадиро нишон медиҳад, аммо агар пешрафт ба сӯйи баробарии ҷинсиятӣ бо ҳамин суръат идома ёбад пешбинӣ мешавад, ки ин шикофи саранҷоми 132 соли дигар аз байн баравад.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Роҳбари толибон: Ҳукумати сад дарсад исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд
Саъдияи Зоҳидӣ, мудири маҷмаъи ҷаҳонӣ иқтисод гуфтааст ки илова бар ҳамагирии вируси корона ва шокҳои иқтисодии ношӣ аз он, буҳрони тағироти обу ҳавоӣ низ бар шикофи ҷинсиятӣ, таъсири манфии қобил таваҷҷӯҳӣ гузоштааст.
Коршиносон муътақиданд рӯй кор омадани толибон дар Афғонистон занонро дар ин кишвар ба ҳошия рондааст.
Толибон ба занони корманд дар ағлаби идороти давлатӣ иҷозаи кор намедиҳанду дарвозаҳои макотибро низ ба рӯй духтарони болотар аз синфи шашум бастаанд.
Ҳамчунин дар сохтори ҳукумати муваққати толибон, ҳеҷ зане ҳузур надорад.
Лентаи хабарҳо
0