Бунёди 57 корхонаву коргоҳ аз ҷониби соҳибкорон дар Хатлон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВвод в эксплуатацию швейного предприятия ООО "Согдийон" в г. Худжанде
Ввод в эксплуатацию швейного предприятия ООО Согдийон в г. Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон хабар додаанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии ин вилоят 57 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ахиран ҷаласаи ҷамъбастӣ дар бораи фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят дар зарфи шаш моҳи сипаришудаи соли равон баргузор, ки дар он мақомоти кишвар хабар дод, ки дар давоми ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳалӣ 57 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардидааст.
Мақомот таъкид кардааст, ки аз ҷумла ин коргоҳу корхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ ( 7 корхона), Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (5 ададӣ), Данғара, Панҷ (4 ададӣ), Қубодиён, Бохтар, Муъминобод, Шаҳритус (3 ададӣ), Кӯлоб, Норак, Темурмалик, Дӯстӣ (2 ададӣ), Ёвон, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Левакант, Фархор, Балҷувон, Кушониён (1 ададӣ), ба истифода дода шудааст.
Таъкид карда шудааст, ки дар ин замина 1050 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин гаштанд.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Дар Хатлон духтур намерасад: 269 пизишк корро тарк карданд
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи ҶДММ “Комбинати хонасозӣ” ва “Элдорадо”-и шаҳри Кӯлоб (3 коргоҳ: сафолакбарорӣ, сангу шағал ва сангрезабарорӣ), ҶДММ “Амири Дил” (коргоҳи равғанбарорӣ ва собунбарорӣ), дар маҷмӯъ 9 коргоҳи иловагӣ бо дарназардошти 132 ҷойи корӣ бунёд шудааст.
Инчунин мақомоти Хатлон хабар додааст, ки дар ин корхонаҳо дар ҳаҷми 18,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0