COVID-19: даъвати СҶБ аз ҷаҳон барои дубора ҷорӣ кардани низоми ниқобпӯшӣ

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксПассажиры на платформе вокзала в масках
Пассажиры на платформе вокзала в масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари СҶБ гуфт, ки хотимаи пандемияи коронавирус ҳоло "дур аст", гарчанде аксари кишварҳо ба шарофати ваксиназанӣ ҳамаи маҳдудиятҳоро лағв кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адҳаном Гебрейесус аз давлатҳо даъват кард, ки режими ниқобпӯширо дар паи паҳншавии дигарбораи коронавирус ҷорӣ кунанд.
Суханони ӯро шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" иқтибос овардааст.
Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки пандемия "ба анҷом нарасидааст", сарфи назар аз он, ки бисёре аз кишварҳо ба шарофати ваксиназании аҳолӣ тамоми маҳдудиятҳои коронавирусро лағв кардаанд.
Вай гуфт, ки навъҳои ҷадиди штамми omicron то ҳол боиси мавҷҳои нави сироят, бистарӣ шудан ва марги одамон дар саросари ҷаҳон мешаванд.
"Ман нигаронам, ки шумораи гирифторони COVID-19 дар ҳоли афзоиш аст. Ин ба низоми беҳдоштӣ ва кормандони соҳаи тиб фишори иловагӣ меорад. Ман инчунин аз афзоиши тамоюли фавт нигаронам", - гуфт Гебрейесус.
Вай аз мақомоти миллии кишварҳо даъват кард, ки "усулҳои исботшудаи мубориза бо пандемия" - пӯшидани ниқоб, барномаҳои санҷишӣ ва табобатро баргардонанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия аз аввали моҳи июл ва дар Тоҷикистон пештар тамоми маҳдудиятҳое, ки ба далели паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буданд, қатъ карда шуданд.
Бекор шудани маҳдудиятҳо дар Русия, ба низоми ниқобпӯшӣ, шабнишиниҳо ва як қатор чораҳои дигар дахл дорад.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Русия ҳамаи маҳдудиятҳои каронаиро лағв кард
Лентаи хабарҳо
0