Дар Хатлон талоқ зиёд шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ду соли ахир азҳампошхӯрии оилаҳо дар вилояти Хатлон афзудааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, миёни сокинони шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон беш аз ҳазор оилаҳо ақди никоҳи худро бекор намуданд. Дар ин бора Бунафша Раҳимзода, роҳбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи ин вилоят зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба таъкиди ӯ, давоми шаш моҳи ахири соли равон дар вилоят 1 891 оила аз ҳам пошид.
Раҳимзода мегӯяд, аз шумори умумии хонаводаҳое, ки аз ҳам ҷудо шудаанд, 1591 ҳолат бо қарори суд сурат гирифтааст.

"Бинобар пош хӯрдани ин теъдод оилаҳо 2 212 кӯдак ҳамакнун аз тарбияи яке аз волидон маҳрум монданд", - афзудааст ӯ.

Дар идома Раҳимзода қайд намуд, ки 298 оила фарзанди умумӣ надоштанд ва дар асоси розигии тарафайн пош хӯрданд. Ҳамчунин 14 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон иттифоқ афтодааст.
Ба таъкиди роҳбари шуъбаи САҲШ, дар ин вилоят аз ҳама беш ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Ҷомӣ, Кӯлоб, Балхӣ, Панҷ ва Фархор ба қайд гирифта шудааст.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Муфтии Тоҷикистон: Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳо камбизоатист
Афзоиши аз ҳам ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки Раҳимзода мегӯяд. мақомоти зирабт дар шаҳру ноҳияҳо пайваста миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар зарфи нуҳ моҳ 2361 оила ақди никоҳи худро бекор намуд. Ҳамин тариқ 2 516 кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум монд.
Қаблан раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода иллати пошхӯрии оилаҳоро ба надоштани дониши кофӣ дар бораи занушавҳарӣ ё зиндагии шарикии ҷавонон рабт дода буд.
Ӯ ҳамчунин камбизоатиро сабаби дигари аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо маънидод кард.
Лентаи хабарҳо
0