Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои Чин муаллим омода мекунад

© © Sputnik / Амир ИсаевПедагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото
Педагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи барнома, Донишгоҳи омӯзгорӣ аввал дар бахши бакалавр ва дар оянда дар зинаҳои магистратура ва докторантура низ барои Чин мутахассис омода мекунад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ин созишномаи дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 хатмкунандаи мактабҳои миёна ва коллеҷҳои Чин таҳия ва тасвиб шудааст.
Мувофиқи созишнома, Донишгоҳи омӯзгорӣ хатмкунандагонро дар зинаи бакалавр аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дарс медиҳад, хабар додааст котиби матбуотии донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ "Ховар".
Созишномаро ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва намояндаи ширкати "Технологияи таълими Shangdon Daliangzao"-и Чин дар Тоҷикистон Мақсудҷон Қаҳҳоров имзо кардаанд.
Зикр шудааст, ки дар ояндаи наздик донишгоҳ таҳсили фосилавии довталабони чиниро ҳамчунин дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (Phd) низ амалӣ хоҳад кард.
Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Манбаъ афзуда, ки довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Айни ҳол дар донишгоҳ дар маҷмуъ 4538 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд. Аз ин:
Ӯзбекистон 3960 нафар,
Туркманистон 561 нафар,
Афғонистон 6 нафар,
Қазоқистон 10 нафар,
Қирғизистон 1 нафар.
Гуфта мешавад, ки довталабони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои омӯзгории равияи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла ба ихтисосҳои химия, биология, математика ва физика таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0