Давлатзода гуфт, камшавии қарзи “Сангтуда-1” аз чӣ вобаста аст

© Фото : sangtuda.comДолг "Барки точик" перед "Сангтудинской ГЭС-1" возрос до $83 млн
Долг Барки точик перед Сангтудинской ГЭС-1 возрос до $83 млн - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, камшавии қарзи андози нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” комилан аз ширкати “Барқи тоҷик” вобастагӣ дорд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зини нишасти матбуотӣ эълон кард, ки маблағи қарзӣ НБО "Сангтуда-1" дар назди Кумитаи андоз 245,6 миллион сомонӣ ташкил медиҳад.
Вай гуфт, ки мутаасифона маблағе, ки бояд НБО “Сангтуда-1” пардохт, кунад вобаста аз ширкати “Барқи тоҷик” аст.
“Тайи 10 сол аст, ки созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи тартиби пардохт кардани маблағҳо амал мекунад. Ин созишномаро Тоҷикистон риоя дорад. Чиқадар ҷамъоварии маблағ дар соҳаи барқ вазорати энергетика зиёд шавад, ҳамон қадар имконият пайдо мешавад қарзи андозро кам кунанд”, - таъкид кард ӯ.
Ваи илова кард, ки мутаасифона ҳоло аз ҳамин ҳолат барома натавонистем.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Мараторияи андоз буҷаи давлатро "хароб" кард
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи НБО “Сангтуда-1” қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди ин нерӯгоҳҳро 2 446,65 млн. сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Кумитаи андоз, бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1002,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Ба гуфти ин ниҳод ин нишондиҳанда дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 196,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ниҳод ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, маблағи зиёди қарзӣ ба НБО "Сангтуда-1" 245,6 миллион сомонӣ, НБО "Роғун" 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 123,3 миллион сомонӣ рост меояд.
Мужчина в кабинете бизнес-инкубатора в технопарке в сфере высоких технологий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Блогерҳо дар Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
"Дар маҷмуъ қарздории ин корхонаҳо 43% маблағи умумии қарзҳои дар ин давра ба вуҷуд омадаро ташкил дода, аз аввали сол 190 миллион сомонӣ афзудааст", - гуфт раҳбари ин ниҳод.
Нусратулло Давлатзода илова кард, ки тибқи талаботи кодекси андоз зиёда 7,5 ҳазор суратҳисобҳои бонкии субектҳои хоҷагидорро баста шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан НБО "Сангтуда-1" дар шарҳи қарздорияш гуфта буд, ки "Барқи тоҷик" сабаби ин бебандуборист, зеро саривақт пули барқро пардох намекунад.
Ба гуфти ин ширкат дар ҳоли ҳозир қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба 200 миллион доллар наздик мешавад.
Лентаи хабарҳо
0