Кумитаи андоз бузургтарин қарздоронашро гуфт

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи андози Тоҷикистон бештарин қарздоронашро эълон кард, ки чун қабл бузургтарин нерӯгоҳҳои кишвар дар садри ҷадвал қарор доранд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1002,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Ба гуфти ӯ, ин нишондод дар қиёс бо аввали соли ҷорӣ 196,5 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Ба иттилои Кумита, ҷамъоварии андоз дар сатҳи ҷумҳурӣ 101,8% иҷро шуда, ин ниҳод ба ҷойи 7 миллиарду 149,4 миллион сомонӣ 7 миллиарду 278,5 миллион сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 129,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин ниҳод мегӯяд, дар ин давра андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷавӣ иҷро нашуд.
Сулаймонзода Акрам, муовини раиси вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Даромади буҷети вилояти Хатлон дар панҷ моҳ наздик ба 945 миллион сомонӣ расид
Ба гуфтаи ин ниҳод, маблағи зиёди қарзӣ ба НБО "Сангтуда-1" 245,6 миллион сомонӣ, НБО "Роғун" 55,8 миллион сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 123,3 миллион сомонӣ рост меояд.
"Дар маҷмуъ қарздории ин корхонаҳо 43% маблағи умумии қарзҳои дар ин давра ба вуҷуд омадаро ташкил дода, аз аввали сол 190 миллион сомонӣ афзудааст", - гуфт раҳбари ин ниҳод.
Кумитаи андози Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки иҷрои нақшаи андоз дар шаҳру навоҳии Шуғнон, Ҷомӣ, Норак, Роғун, Ҳисор пурра иҷро нашуд, ки аз ин ҳисоб 60 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар кам маблағ ворид шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан НБО "Сангтуда-1" дар шарҳи қарздорияш гуфта буд, ки "Барқи тоҷик" сабаби ин бебандуборист, зеро саривақт пули барқро пардох намекунад.
Ба гуфти ин ширкат дар ҳоли ҳозир қарзи "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳ ба 200 миллион доллар наздик мешавад.
Лентаи хабарҳо
0