Оғози ҷанги шадид дар Панҷшер: мулло Ёқуб ба Андароб рафт

© IeaOfficeМинистр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб
Министр обороны талибов Мулла Мухаммад Якуб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири дифои толибон ба Андароб рафт ва шуморе аз ҷангҷӯёнашро бо чархболҳо ба дарвозаи вилояти Панҷшер интиқол додааст. Ҷангҳои шадид ҳамин акнун ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъйид кардааст, ки даргириҳои шадид дар Панҷшер оғоз шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Омоҷнюз” .
Тибқи иттилои манбаъ, ҷангҷӯёни Ҷабаҳаи Муқовимат тамоми омодагиҳо барои ҷангидан дар баробари толибонро гирифтаанд.
Агар чӣ толибон дар мавриди ҷанги Панҷшеру Андароб чизе намегӯянд, аммо як фармондиҳи маҳаллии толибон дар Панҷшер мегӯяд, ки пас аз нашри навори савтии мулло Ёқуб дар мавриди поин сохтани парчами толибон аз сӯйи муқовиматгарон дар Хусти вилояти Бағалон акнун ин ҷанги ҳайсиятӣ шудааст.
Боевики Талибана стоят на страже перед международным аэропортом Хамида Карзая после вывода американских войск в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Роҳбари толибон: Ҳукумати сад дарсад исломӣ дар Афғонистон ҳоким хоҳад шуд
Ҳамчунон як фармондиҳи нерӯҳои вижа дар вилоят Панҷшер мегӯяд, ки мисли дафъаҳои пештар ин бор низ толибон дар ҷанги Панҷшеру Андароб шикаст хурда ва кор аз дасташон сохта нахоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, манобеи толибон хабар додааст, ки ҳадафи аслии интиқоли ҷангҷӯён ба дарраи орзӯ, раҳои халабон ва кумаки халабонҳое ҳастанд, ки пас аз суқӯти чархболи толибон ба асорати муқовиматгарон даромадааст.
Лентаи хабарҳо
0