Дар Олмон истеъфои Шолтсро талаб доранд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкКанцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции
Канцлер ФРГ Олаф Шольц на пресс-конференции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Аксари олмониҳо бар ин боваранд, ки канслери онҳо "бисёр хаста шудааст ва бояд курсии худро зудтар холӣ кунад". Онҳо аз сиёсати пешгирифтаи ӯ норозиянд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Хонандагони рӯзномаи олмонии Bild аз сиёсати садри аъзами Олмон Олаф Шолс ва Бундестаг интиқод карданд. Сабаби баҳс матлабе буд, ки тибқи он Олмон андоз аз партовҳои гази карбонро афзоиш медиҳад.
"Ҳукумат дар ҳама ҷабҳаҳо ноком шуда, ба аҳолӣ зарар мерасонад! Онҳо ҳатто бо хоҳиши худ истеъфо намедиҳанд. Вале шонси дигар надоранд", - навиштааст корбаре бо номи kadettler55.
Корбари дигар чунин навиштаст: "ҳизби "Сабзҳо" аз риёкорон иборат аст. Яке аз онҳо Шолтс ва Ҳабек мебошанд. Иттиҳоди риёкор".
"Мо истеъфои ҳукумати федеролиро талаб мекунем. Ин харобиовар аст", - интиқод намудааст jisi26.
"Канслери мо хеле хаста шудааст, Шолтс бояд курсии худро зудтар холӣ кунад", - хулоса карданд корбарон.
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2022
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс аз миллатгароёни украинӣ, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.
Бисёре аз иёлотҳо дар бораи ях кардани дороиҳои Русия эълон карданд, даъватҳо дигар аз гази Русия даст кашиданд. Аммо бояд гуфт, ҳамаи ин тадбирҳо ба худи мамлакатҳои Ғарб зарбаи сахт расонд. Ҳоло дар аксар кишварҳои ғарбӣ таваррум ба ҳадди рекордӣ расида, ҳамчунин нархи маводи озӯқа ва сӯзишворӣ ниҳоят гарон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Русия мегӯяд, ба таҳримҳои эълоннамудаи давлаҳои ғарбӣ аз қабл омода буданд.
Лентаи хабарҳо
0