Президенти Шри-Ланка тавассути почтаи электронӣ номаи истеъфо фиристод

© AFP 2022 / Jewel SamadМужчина держит национальный флаг Шри-Ланки во время продолжающейся антиправительственной демонстрации у здания администрации президента в Коломбо
Мужчина держит национальный флаг Шри-Ланки во время продолжающейся антиправительственной демонстрации у здания администрации президента в Коломбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисиҷумҳури Шри-Ланка аризаи истеъфои худро тавассути почтаи электронӣ фиристодааст. Ӯ 13 июл дар паи тазоҳурот кишварро тарк кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Шри-Ланка Готабая Раҷапакса бо почтаи электронии раиси порлумони ин кишвар истеъфои худро фиристод, хабар медиҳад, РИА "Новости" бо такя ба расонаҳо.
Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.
Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.
Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.
Раисҷумҳури Шри-Ланка ба нахуствазираш гуфтааст, ки истеъфо медиҳад
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.
Эътирозҳо рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он дубора авҷ гирифт, ки бар хилофи интизориҳои мухолифин, раисиҷумҳур истеъфои ваъдашударо ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ мардум тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққатӣ таъин кард.

"Президенти Шри-Ланка Готабая Раҷапакса ба унвони раиси порлумон номаи истеъфо фиристод", - омадааст дар изҳороти Reuters.

Ба гуфтаи манбаъ дар дафтари матбуот, талош доранд, то дурустии ин изҳоротро мушаххас кунанд.
Гуруснагӣ, камбуди сӯзишворӣ ва доруворӣ дар Шри-Ланка: эътирозҳо алайҳи президент - акс
Дар ин росто, бо Прокурори генералӣ машваратҳо гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0