Шоҳиён дар бораи судяҳои "порахӯр"-е, ки президент барканорашон кард

© сомонаи Маҷлиси намояндагонШермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, раванди содиршавии ҷиноятҳо миёни додрасҳо дар ҳоли коҳишёбӣ буда, барои пешгирии чунин ҳолатҳо супориши чиддӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Давоми ни соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чаҳор додрас бо иттиҳоми гирифтани пора ва қаллобӣ дастгир шудаанд
Дар ин бора Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш дар Душанбе изҳор дошт.
Ба иттилои манбаъ, Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон, раиси суди шаҳри Хуҷанд,
Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид, судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокарим, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои гирифтани пора боздошт шудаанд.
Шоҳиён гуфт, раиси суди шаҳри Хуҷанд ва кормандаш барои гирифтани 2,5 ҳазор доллар муттаҳам мешаванд.
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
"Шаъну шарафро паст зад": президент се судяро барканор кард
"Маблағи мазкур миёни раиси суд ва судя тақсим шудааст. Ҳоло алайҳи ҳарду парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад",- афзуд Шоҳиён.
Ӯ гуфт, ҳамзамон судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ барои гирифтани 1,5 ҳазор доллар муттаҳам мешавад.
Дар мавриди боздошти Рустам Саидаҳмадзода, судяи суди ноҳияи Бобоҷон раиси Додгоҳи олии кишвар гуфт, ки ӯ бо ду модда 316 қисми 2-баромадан аз ҳадди мансаби хидматӣ ва 346 қисми 3 дидаюдониста хабари бардуруғ расонидан муттаҳам мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ин додрасҳо бинобар паст задани шаъну шарафи судяҳо бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мақомашон барканор шуданд.
Шоҳиён гуфт, барои аз байн бурдани ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар тамоми идораиҳои ин ниҳод корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ҷараён дошта, ҳамзамон супориши ҷиддии хатти барои назорат ба раҳбарони додгоҳҳои шаҳру вилдоятҳо ирсол шудааст.
Лентаи хабарҳо
0