Суръати рушди иқтисод дар Тоҷикистон кунд шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Афзоиши ММД-и ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7,4 фоизро ташкил дода, 17,3 дарсад аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 1,3% кам шудааст. Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор доошт.
Ҳамин тариқ, афзоиши ММД дар нимсолаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 7,4 фоизро ташкил дод.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,2 фоиз, сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз ва савдои берунӣ 14,6 фоиз таъмин карда шуд.
Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод, тавлиди алюминий дар муқоиса бо соли гузашта 11,1% коҳиш ёфтааст.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Истеҳсоли ками алюминий: президент хост, “ТАлКо” бо тамоми иқтидор ба кор дароварда шавад
Дар ҳамин ҳол, содирот 28,6 ҳазор тонна ба маблағи 87,3 миллион долларро ташкил дода, 11,5 фоиз кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол пешгӯии истеҳсоли алюминий барои соли 2022 80,3 ҳазор тонна ва содирот 75 ҳазор тонна мебошад.
Сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 фоиз афзуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,1 фоизро ташкил дод.
Сатҳи таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,0 фоиз ва маҳсулоти ғайриозуқа 2,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, уҳкумати кишвар сатҳи таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 6,0 фоиз пешбинӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0