"Табларза"-и доллар: иқтисоддон тақдири "амрикоӣ"-ро пешгӯӣ кард

© PixabayПять сотен долларов
Пять сотен долларов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Қурби доллар вақтҳои охир натавонист бо як арзиши муътадил мавқеи худро пайдо кунад: ба ин як қатор омилҳое монеъ мешаванд, ки ба қурби асъор фишор меоранд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар назди мақомоти Русия вазифа гузошта шудааст, ки қурби долларро то ба 70-80 рубл расонанд. Дар ин бора Андрей Маслов, таҳлилгари ширкати "FG Finam" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки қурби "амрикоӣ" зери 70 рубл барои буҷаи Русия номусоид аст ва ба он фишор овардааст.
"Аммо, дар ояндаи наздик, эҳтимол аст, ки қурби асъор дар доираи 50-68 рубл барои як доллар боқӣ монад, зеро абзорҳои Бонки марказии Русия ва Вазорати молия маҳдуданд", - таъкид кард коршинос.
Маслов бар ин бовар аст, ки дар сурати поин рафтани меъёри фоиз, имкони аз даст додани назорат бар таваррум вуҷуд дорад, ки ба ҳиссаи истеъмолӣ дар кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад ва лағви назорати сармоя ҳатто метавонад боиси суқути рубл шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дарёфти мувозина ҳанӯз мушкил аст.
Ҳоло пули Русия асосан таҳти фишори омилҳои бозорӣ ва то андозае назорати эҳтимолии сармоя аз ҷониби мақомот қарор дорад.
"Давлат ташвиқи "фишурдан"-и асъор аз кишварро барои барқарор кардани қурби рубл идома медиҳад: масалан, аз 1 июл лимити интиқоли асъор барои шахсони воқеӣ ба суратҳисобҳо дар бонкҳои хориҷӣ то 1 миллион доллар зиёд карда шуд", - гуфт Маслов.
Вай пешгӯӣ кард, ки ҳоло давраи таъсиси "воридоти мувозӣ" оғоз мешавад, ки метавонад боиси афзоиши тақозо ба як пули муайян ва заъфи рубл шавад.
Инчунин ба наздикӣ нархи нафт ва бисёр металлҳо поин рафт. Ин ба кам шудани даромади содиротии Русия ва заиф шудани пули русӣ оварда расонд, хулоса кард ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0