Завқизода гуфт, додугирифт бо ширкатҳои русӣ бо кадом асъор сурат мегирад

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, ки аксари додугирифти ширкатҳои тоҷикӣ бо шарикони руси худ бо рубл сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки яке аз бандҳои муҳими барномаи зиддибуҳронии Тоҷикистон дар он аст, ки пардохтҳо дар равобити тиҷорӣ бо шарикон бо пули миллӣ сурат гирад.
Ба гуфтаи вай, ин мавзуъ пас аз эъмоли таҳримҳо алайҳи бархе аз шарикони тиҷории Тоҷикистон матраҳ шуд.
Роҳбари Вазорати рушди иқтисод қайд кард, ки бахши хусусӣ ба воридот ва содироти маҳсулоти ниёзи мардум машғул аст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, 70 дарсади қарордодҳое, ки бо шарикони рус имзо шудаанд, ҳисоббаробаркунии онҳо бо рубл сурат мегирад.
Долларовые купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.07.2022
Коршинос гуфт, кадом омил метавонад долларро то 80 рубл бирасонад
Ҳамзамон Завқизода таъкид кард, ки Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё афзоиш хоҳад дод.
Ӯ тасдиқ кард, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ маҳз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) мебошанд.
Ба таъкиди мавсуф, суръати гардиши савдои дуҷониба пайваста афзоиш меёбад ва кишвар ҳамкориҳоро ба таври густурда дар ин замина ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи вай, гардиши молии Тоҷикистон бо бархе аз кишварҳои узви иттиҳод 43% афзоиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки як гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо бо аъзои ИИАО ҳамаҷониба омӯхта мешавад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0