Аббос: Эътирофи давлати Фаластин калиди субот дар минтақа аст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Палестины Махмуд Аббас, архивное фото
Президент Палестины Махмуд Аббас, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Фаластин барои субот дар минтақа эътирофи давлати Фаластин ва барқарории марзҳои охири соли 60-уми асри гузаштаи ин кишварро муҳим хонд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Эътироф кардани давлати Фаластин калиди сулҳ дар минтақа аст, гуфт раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои амрикоияш, Ҷо Байден, иттилоъ дод РИА "Новости".
Манбаъ аз қавли Аббос овардааст, "эътироф кардани давлати Фаластин ва бархӯрдии фаластаниҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ, калиди сулҳ дар минтақа аст".
Раисҷумҳури Фаластин поён додан ба ишғоли заминҳо аз сӯи Исроилро аз шартҳои дигари субот дар минтақа хондаст.
"Ба даст овардани сулҳ ба хатми ишғолкории Исроил дар қаламрави Фаластин ва таъсиси як давлати Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо Байтулмуқаддаси Шарқӣ пойтахти он бастагӣ дорад", - афзуд ӯ.
Маҳмуд Аббос ҳамчунин аз Байден хостааст, консулгарии Амрикоро дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дигарбора боз кунад ва Созмони озодибахши Фаластинро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ намояд.
Вай ҳамчунин талаб кардааст, ки қотилони хабарнигори фаластинӣ Ширин Абу Акле, ки дар авоили моҳи май дар ҷараёни амалиёти низомии сарбозони исроилӣ дар шаҳри Ҷенини канори ғариби рӯди Урдун кушта шуд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мулоқот дар доираи сафари Ҷо Байден ба шарқи наздик сурат гирифт. Дар баробари ин боздиди Байден аз Исроил ва Арабистони Саудӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0