Боздошти ду корманди баландмақоми ВКД дар Хатлон

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо гумони гирифтани пора боздошт шуданд: тафтишот алайҳи пулисҳои дастгиршуда ба итмом расида, парвандаи онҳо ба додгоҳ фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар минтақаи Кӯлоб ду корманди пулис дар 6 моҳи соли 2022 боздошт шуданд. Дар ин бора Қудбиддин Достизода, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб зимни як нишасти хабарӣ гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар гирифтани пора гумонбар мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи дастгиршудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, пас аз анҷоми тафтишот ба додгоҳ ирсол карда шуд.
Гуфта мешавад, бо иттиҳоми порагирӣ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии минтақа ва корманди шӯъбаи фаврӣ-тафтишотии ин раёсат дастгир шудаанд.
Мавсув дар бораи боздошти кормандони ВКД ҷузъиёти бештар надод.
Қаблан зимни як нишасти хабарӣ раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён аз коҳиши мизони ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни додрасҳо дар шаш моҳ хабар дода буд.
Ба гуфти ӯ, дар ин муддат дар кишвар чаҳор додрас бо иттиҳоми ришваситонӣ ва қаллобӣ боздошт шуданд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Шоҳиён дар бораи судяҳои "порахӯр"-е, ки президент барканорашон кард
Ҳамин тариқ, собиқ раиси додгоҳи Хуҷанд Муҳаммадзода Ҳомидҷон ва собиқ додраси додгоҳи шаҳр Рустам Маҳмадсаидзода боздошт шуданд. Онҳо дар гирифтани пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллар гумонбар дониста мешаванд.
Шермуҳаммади Шоҳиён таъкид кард, кормандони давлатӣ пулро байни худ тақсим карданд. Нисбати ҷинояткорон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон Раҳмиддин Раҳимзода, додраси додгоҳи ноҳияи Сино барои тамаъҷӯӣ ба маблағи 1,5 ҳазор доллар аз мақом барканор шуд.
Илова бар ин, Шермуҳаммад Шоҳиён ҷузъиёти боздошти қозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рустам Саидаҳмадзодаро ошкор кард.
Вай таъкид кард, ки корманди собиқи давлатӣ ба “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “ дидаву дониста бардурӯғ эълон кардани ҷиноят” муттаҳам мешавад.
Додрасҳо бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, “дар робита ба содир кардани кирдоре, ки шаъну шарафи судяро паст мезанад” аз вазифаҳояшон барканор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0