Дарёи Зарафшон мошини “Дулан”-ро "фурӯ" бурд – видео

© Sputnik / Игорь Михалев / Гузариш ба медиабонкРека Вахш, архивное фото
Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Корбарони шабакаҳои интернетӣ видеоеро дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор доданд, ки он аз ба қаъри дарё фурӯ рафтани як мошини боркаши тамғаи "Дулан" мегӯяд
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Дар видео дида мешавад, ки дарё автомашинаро ибтидо оҳиста оҳиста такон дода дар ниҳоят ба қаъри худ мекашад.
Ронандагоне, ки аз баланди аз канори роҳ ин манзара дида аз фурӯравии "Дулан" ба қаъри дарё изҳори таасуф мекунанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимни таҳқиқ маълум намуд, ки ин ҳодиса чи вақт рух додаасту ронандаи Дулан кист ва оё ба ӯ осеб расидааст ё не.
Мирзошо Мирзошоҳиён, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ зимни суҳбат гуфт, ки ҳодисаи ба умқи дарё фуруравии автомашинаи боркаш субҳи рӯзи 4 июл рух додааст.
“Ҳодиса ҳангоми кашонидани ангишт аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар километри 24 уми роҳи миёни ин ва ноҳояи Айнӣ рух додааст”, иброз намуд, сардори КҲФ.
Бино ба иттилоъи манбаъ автомашинаи боркаши тамғаи Хова (Дулан, таҳти идораи ронанда Салимов Қурбоналӣ, сокини шаҳри Турсунзода қарор доштааст.
Сардори КҲФ гуфт, хушбахтона ба худи Салимов осеб нарасидааст ва ӯ дар вақти фуруравии мошин ба дарё тавонистааст, ки худро ба берун гирад.
Лентаи хабарҳо
0