Дастаи нав ёфт: Умарбоев боз ба Булғористон баргашт

© сомонаи ФФТПарвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, ки чанде пеш аз як дастаи Булғористон рафт, боз ба ин кишвар баргашт, аммо ин бор узви тими дигар шуд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Парвиз Умарбоев, бозигари шинохтаи Тоҷикистон бо бошгоҳи булғории ССКА аз шаҳри София шартнома бастааст.
Ӯ ба дастаи наваш ҳамчун агенти озод шартномаи бастааст.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи ССКА дар лигаи олии Булғористон бозӣ мекунад ва аллакай дар мавсими нав як бозиро бо ғолибият поин додааст.
То кунун ҷузъиёти шартномаи гузариши бозигар дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки Умарбоев тайи шаш сол дар дастаи дигари булғорӣ "Локомотив"-и Пловдив бозӣ мекард ва ахиран хабар дод, ки шартномаро бо ин тим қатъ кардааст.
Портали машҳури варзишии Олмон Transfermarkt.de ӯро гаронарзиштарин футболбози тоҷик унвон карда буд. Ин пойгоҳ баҳои бозингаррро 900 ҳазор евро арзёбӣ карда буд.
Ёдовар мешавем, ки Парвиз Умарбоев аз хурдӣ дар мактаби "Рубин"-и Қазон таҳсил кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳайати аввалааш бозӣ накардааст. Дар мавсими 2013/14 ӯ дар ҳайати "Нефтехимик-Нижнекамск" ва сипас дар "Химик Дзержинский" бозӣ кардааст.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Шикасти навбатии мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022
Бозингар мавсими 2015/16-ро дар "Истиқлол" гузаронидааст. Дар маҷмӯъ, дар ин муддат футболбоз 84 бозӣ анҷом дода, 7 гол задааст.
Пас аз Душанбе равзанаи Аврупо барояш боз шуд – соли 2016 ба “Локомотив”-и Булғористон гузашт. Ба иттилои Transfermarkt, ин гузариш ба бошгоҳи Булғористон 100 000 евро арзиш дошт.
Дар ҳайати "Локомотив" ӯ беш аз 170 бозӣ гузаронида, 10 гол задааст. Ба наздикӣ клуб ӯро ҳамчун як легионере эътироф кард, ки дар даста зиёд бозӣ кардааст.
Дар ҳайати "Локомотив" футболбоз дукаратаи Ҷоми Булғористон, Суперҷоми Булғористон ва барандаи медали нуқраи чемпионат гардид. Ҳамчунин, Умарбоев аз соли 2015 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Парвизҷон Умарбоев аз бозигарони шинохтаи кишвар буда миёни ҳаводоронаш бо "Мессии тоҷик" шинохта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0