Тасдиқ шуд: Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ ширкат мекунад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон выступил на юбилейном саммите ОДКБ
Эмомали Рахмон выступил на юбилейном саммите ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Ҳамаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкати худро дар нишасти Самарқанд тасдиқ карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ширкати худро дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ таъйид карданд.
Аммо баъзеҳо то ҳол дар бораи формати нишаст тасмим нагирифтаанд, гуфт дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов.
Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ моҳи сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Ӯзбакистон соли 2022 раёсати ин созмонро бар ӯҳда дорад.
"То имрӯз ҳамаи раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ширкати худро дар ин нишаст таъйид карданд, вале бархе аз онҳо то ҳол дар бораи формати ширкат тасмим нагирифтаанд. Ин ба вазъи эпидемиологӣ дар ҷараёни нишасти СҲШ вобаста хоҳад буд. Аммо мо барои мулоқоти рӯ ба рӯи онҳо ҷидду ҷаҳд дорем", — гуфт Норов.
Вай афзуд, ки дар нишаст, сарони кишварҳои нозири СҲШ ва раҳбарони созмонҳои шарик - СММ, ИДМ, СПАД, ИИАО ва ғайра низ дар назар аст.
ВУХ Ӯзбекистон: Эрон то охири соли равон ба СҲШ ворид мешавад
Пештар Владимир Норов гуфт, дар соли равон Эрон ба ҳайси нозир узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мешавад.
Интизор меравад, ки ёддошти уҳдадориҳои Эрон ҳамчун узви СҲШ низ дар Самарқанд ба имзо мерасад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0