Дар Хуҷанд барои ношунавоён мактаб месозанд

© Sputnik Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд
Фирдавс Шарифзода, новый руководитель города Хучанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маркази вилояти шимолии Тоҷикистон бинобар теъдоди зиёди афроде, ки мушкили шунавоӣ доранд, мактаби бузурге барои таълиму тарбияи онҳо сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд ваъда дод, ки барои нафарони ношунаво ва имконияти шунавоиашон суст мактаби махсус сохта мешавад. Ин кор имкон фароҳам хоҳад овард то ин қишри ҷомеа ҳам ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, ки дар бораи сохтмони мактаби махсус барои ношунавоён қарор ба тасвиб расонидааст.
Дар назар аст, мактаби нав дар масоҳати 1 га дар маҳаллаи “Темурмалик”-и Хуҷанд бунёд шавад.
“Мо заминро пайдо кардем. Барои сохтмони мактаби ношунавоён қарор ҳам баровардем. Корҳои сохтмони дар оғози соли 2023 ба нақша гирифта шудааст”,– гуфт, раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳоло дар вилояти Суғд мактаб -интернати махсус барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров амал мекунад. Ин мактаб соли 1975 сохта шудааст ва ҳоло ягона макони ба таълиму тарбия фаро гирифтани нафарони имконияти шунавоиашон маҳдуд ба ҳисоб меравад.
Гузоштани санги асос барои бунёди мактаби варзишӣ оид ба намуди камонварӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Дар шаҳри Хуҷанд мактаби камонварӣ сохта мешавад
Гулчеҳра Исоева, муовини директор вобаста ба корҳои тарбиявӣ дар мактаб-интернати махсус барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст ба номи ба номи Тухтабой Ғаффоров дар Хистеварз мегуяд, солҳои охир волидони зиёде барои ба мактаб ҷалб шудани фарзандонашон ба онҳо муроҷиат мекунанд, вале камбуди синфхонаҳо ва шароити танготанги мактаб сабаби қонеъ ношуда мондани муроҷиати шаҳрвандон мегардад.
Вай гуфт, ин мактаб барои фарогирии 340 хонанда пешбинӣ шудааст, вале соли 1997 як бинои таълимиро ба ихтиёри омӯзишгоҳи касбӣ техникии № 75 гузаронидаанд.
"Аз сабаби танг будани синфхонаҳо ҳоло 315 нафар онҳое, ки имконияти шунавоиашон суст аст аз шаҳру навоҳии Суғд дар ин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд” - афзуд, Исоева.
Дар вилояти Суғд ҳудуди сад ҳазор нафарони имконияташон маҳдуд аз ҷумла онҳое, ки мушкили роҳгардӣ доранд ба ҳисоби ношунавоёну нобиноён ба сар мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0