Масрафи беш аз 25 миллион сомонӣ барои таъмиру азнавсозии роҳҳои Хатлон

© Facebook / Инновейтив РоудКомпания "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" укладывают асфальт
Компания Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД укладывают асфальт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, ки дар нимсолаи якуми соли равон барои таъмиру азнавсозии роҳҳо дар ин вилоят 25 миллиону 33 ҳазор сомонӣ масраф шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ба иттилои мутахассисони шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти вилояти Хатлон, дар миқёси вилоят дар умум ба масофаи 1622 километр роҳҳо ба маблағи умумии 25 миллиону 33 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шудааст.
“Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо ба масофаи 9 километр таъмири асосӣ, 1365 километр таъмири ҷорӣ, 11 километр роҳҳо сангфарш ва 34 адад пулу қубурҳо таъмир гардиданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ таъмири асосӣ 22 километр, таъмири ҷорӣ 111 километр ва 104 километр роҳҳо сангфарш шуданд.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Нигаронии вазири нақлиёт аз мушкилоти ҳамлу нақли автомобилӣ дар Суғд
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор масофаи умумии роҳ 34 километрро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ аз тарафи ширкати сохтмонии “Сохтмонроҳ-2017” ва ширкати “Паймонкори роҳ-2017” рафта истодааст. Зиёда аз 13 км. корҳои заминӣ, васли қубурҳои зери роҳ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шудааст.
Таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди мазкур аз соли 2012 рафта истода, маблағгузории роҳи мазкурро Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Аз соли 2018 маблағгузории роҳи мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст.
Грузовики на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шуд
Инчунин, ба таъмиру азнавсозии лоиҳаҳои марҳилаи якуми роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар (Данғара - Оқмазор) санаи 21 октябр ва роҳи автомобилгарди Қизилқалъа - Бохтар санаи 29 октябри соли сипаригардида аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар оғоз бахшида, таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик - Кангурт рафта истодааст. Айни ҳол кандану васеъкунии роҳ, тайёр намудани роҳи таворавӣ ва мустаҳкамкунии бистари роҳ бо маром рафта истодаанд.
Дар таҷдиди роҳи автомобилгарди Қизилқалъа-Бохтар аз ҷониби пудратчӣ ширкати ҷопонии “Дайниппон Конструксион” сохтмони пулу қубурҳо, гирифтану кашонидани қисмати мулоимии хок, корбарӣ дар қисми болоию поёнии таҳкурсии роҳ ва дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, заводи асфалтбарорӣ насб гардида, омодаи кор мебошад.
Тибқи нақшаи пешбинигардида таҷдиди роҳи мазкур моҳи феврали соли 2023 ба анҷом расонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0