Президенти Шри-Ланка расман аз хориҷ истеъфо дод

© Sputnik / Andy BuchananПрезидент Шри-Ланки Готабая Раджапакса. Архивное фото
Президент Шри-Ланки Готабая Раджапакса. Архивное фото
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Шри-Ланка билохира, пас аз тазоҳуроти мардум дар ин кишвар аризаи истеъфоияшро дар хориҷ навишт ва расман аз курсии раҳбарии ин кишвар канор рафт
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Готабая Раҷапакса, раисҷумҳури Шри-Ланка расман истеъфо дод, иттилоъ дод пойгоҳи хабарии Adaderana бо истинод ба парлумони ин кишвар.
"Готабая Раҷапакса рӯзи 14 июл ба таври расмӣ аз мақоми раисиҷумҳури Шри-Ланка истеъфо дод", - гуфт раиси парлумон Маҳинда Япа Абейвардена.
Барои тасдиқи суханони худ, ӯ як коғази расмии имзои Раҷапаксаро нишон дод, ки як рӯз пеш аз Сингапур ба ӯ фиристода шудааст.
Ёдовар мешавем, ширкаткунандагони тазоҳуроти оммавии якмоҳа алайҳи ҳукумати раисиҷумҳур Готабай Раҷапакса ба қароргоҳҳои президент ва нахуствазир ҳамла карданд.
Протестующая принимает участие в продолжающейся антиправительственной демонстрации возле офиса президента в Коломбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Гуруснагӣ, камбуди сӯзишворӣ ва доруворӣ дар Шри-Ланка: эътирозҳо алайҳи президент - акс
Сарвари ин давлат эълон кард, ки истеъфо медиҳад ва кишварро тарк кард.
Ин боиси мавҷи нави эътирозҳо шуд, зеро бар хилофи интизориҳои мухолифин, Раҷапакса истеъфои худро ба раиси порлумон насупорид ва нахуствазир Ранил Викремесингҳеро, ки истеъфои ӯро низ тақозо доранд, раисиҷумҳури муваққат таъин кард.
Эътирозҳои оммавӣ алайҳи ҳукумати президент Готабая Раҷапакса охири моҳи апрел дар Коломбо оғоз шуд.
Тазоҳургарон ҳукуматро дар пешбурди сиёсати хатои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ки боиси бадтарин буҳрони иқтисодӣ дар таърихи кишвар шудааст.
Рӯзи шанбе, 9 июл эътирозгарон қароргоҳҳои раисиҷумҳур ва нахуствазири Шри-Ланкаро ишғол карданд.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, 13 июл Раҷапакса, ки қаблан нияти истеъфои худро эълон карда буд, кишварро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0