Путин Рогозинро аз мақоми раҳбари "Роскосмос" барканор кард

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксДмитрий Рогозин, архивное фото
Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дмитрий Рогозин сар аз моҳи майи соли 2018 ба ин курсӣ нишаста, каме бештар аз чаҳор сол раҳбари "Роскосмос" буд. Ҳоло ҷойи ӯро Юрий Борисов гирифт
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дмитрий Рогозин аз вазифаи директори генералии Корпоратсияи давлатии "Роскосмос" барканор шуд. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.
"Рогозин Дмитрий Олегович аз вазифаи директори генералии Корпоратсияи давлатии кайҳонии "Роскосмос" озод карда шавад. Фармони мазкур аз рӯзи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад", — хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар.
Ба ҷойи Рогозин Юрий Борисов раҳбари нави корпоратсияи давлатӣ шуд. Қаблан Путин ӯро аз мақоми муовини нахуствазир барканор карда буд.
Денис Мантуров, ки ҳамзамон мақоми вазири саноат ва савдои Федератсияи Русияро бар уҳда дорад, муовини нави сарвазири Русия шуд.
Ёдовар мешавем, ки Рогозини 58-сола каме бештар аз чаҳор сол - аз охири моҳи майи соли 2018 ба Роскосмос раҳбарӣ мекард.

Дмитрий Рогозин Рогозин кист?

Ӯ 21 декабри соли 1963 дар Маскав дар оилаи созмондиҳандаи саноати ҳарбии шӯравӣ, муовини аввали сардори Хадамоти аслиҳаи Вазорати мудофиаи СССР генерал-лейтенант Олег Рогозин таваллуд шудааст.
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Рогозин: НАТО додаҳо аз моҳвораҳои хусусиро ба низомиёни украинӣ мерасонад
Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав, дорои унвонҳои доктори илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси “назарияи силоҳ, сиёсати ҳарбӣ-техникӣ, системаи аслиҳа” мебошад.
Номбурда дар вазифаҳои вакили Думаи давлатӣ намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин оид ба мушкилоти вилояти Калининград вобаста ба тавсеаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) буд. Ҳамчунин Масъул барои гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Литва оид ба масъалаҳои бастани шартномаи сарҳадӣ ва транзити шаҳрвандони Русия тавассути қаламрави Литва низ буд.
Аз 9 январи соли 2008 то 23 декабри соли 2011 - Намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Брюссел. Ҳамзамон аз 18 феврали соли 2011 то 25 апрели соли 2012 намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия оид ба ҳамкорӣ бо НАТО дар соҳаи дифоъи зиддимушакӣ буд.
То расидан ба раҳбарии "Роскосмос" Рогозин аз 23 декабри соли 2011 то 18 майи соли 2018 муовини сарвазир оид ба масъалаҳои ҳарбӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0