Шикасти навбатии мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022

© ФФТБозии мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон
Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии пеш аз тими Ӯзбекистон мағлуб шуд. Ин бор ҳам дастаи Юсуф Рабиев ба дарвозаи рақиб як гол ворид карда натавонист
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Душанбе бозиҳои даври сеюми мусобиқоти Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахаби занона баргузор шуданд.
Ба иттилои ФТТ, дар ин давр футболбозони эронӣ аз тими Тоҷикистон беҳтар баромад карда, тими мизбонро шикаст доданд.
Мунтахаби занонаи Тоҷикистон ба дарвозаи рақиб як гол ҳам ворид карда натавонипст ва бо ҳисоби 5:0 аз тими Эрон шикаст хӯрд.
Голҳоро аз дастаи Эрон Афсона Чатренур, Ҳастӣ Фурузондеҳ ва Малика Мотеваллитахер ба нишон расониданд.
Ҳастӣ Фурузондеҳ беҳтарин бозигари ин рақобат шинохта шуд.
Шикасти мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022 аз тими Ӯзбекистон
Ҳамчунин, дар даври сеюми бозиҳо, дастаи Ӯзбекистон бар тими Туркманистон (6:0) ғолиб омад.
Ҳамин тавр, дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон шашимтиёзӣ ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқот пешсафанд.
Бозиҳои даври охири қаҳрамонии CAFA-2022 17 июл баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 11-уми июл дар Душанбе бозиҳои даври дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби занона оғоз шуданд.
Рабиев фаворитҳои CAFA-ро номбар кард: тими занонаи Тоҷикистон миёни онҳост?
Қаблан Юсуф Рабиев, сармураббии тими занонаи Тоҷикистон гуфта буд, ки тими миллӣ дар ҳар бозӣ талош мекунад, ки беҳтарин натиҷа ба даст орад.
Дар ҳамин ҳол, мураббии тими миллии футболи занона се далелро номбар кард, ки то ҳол имкон намедиҳад, то тими миллӣ ба натиҷаҳои пешрафт ноил гардад.
Лентаи хабарҳо
0