Тасдиқи тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ аз кадрҳои навтаъйин хост, софдилона кор кунанд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пешниҳодҳои раиҷумҳурро барои бозхонду таъйини додрасҳо дар додгоҳҳои олии ҷумҳурӣ тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон барои аз вазифаи раиси Додгоҳи олиии иқтисодӣ бозхонд кардани Қаландарзода Мавлуда Сатториро пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дода, афзуд, ки бо пешниҳоди раисҷумҳур ҳамчунин Комилӣ Файзали аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд шудаанд. Сабаби бозхонд гузаштан ба кори дигар гуфта шудаст.
Бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии иқтисодӣ, Комилӣ Файзали муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ ва Хайриддинзода Азизбек муовини раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Шоҳиён дар бораи судяҳои "порахӯр"-е, ки президент барканорашон кард
Одиназода Ҷонфидо мақоми судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.
Дар баробари ин Ёқубзода Абдураҳмон Холдор, Иброҳимзода Шамсиддин Саймудин, Ғуломзода Иноятулло Шарифҷон, Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор, Ҳафиззода Тимур Ҷамшед, Шӯҳратзода Улуғбек, Маҳмадзода Хуршед Бобохон, Солеҳзода Зарина Тағойназар, Бекзода Абдураҳим Абдулло ва Усмонзода Тоҷиддин додрасҳои Додгоҳи олӣ шудаанд.
Дар пайи таъйини додрасҳои нав, Рустами Эмомалӣ онҳоро ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолати судӣ ва хизмати софдилона даъват кардаст.
Лентаи хабарҳо
0