Ба Тоҷикистон боз гармои тоқатфарсо меояд: ҳушдор ва тавсияҳои КҲФ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСамый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе
Самый большой аквапарк в Центральной Азии открылся в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Аз сокинони кишвар даъват шудааст, ки тайи ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд, зеро ҳавои гарм боиси баланд шудани сатҳи оби кӯлу дарёҳо мегардад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз бозгашти гармои тоқатфарсо тоҷикистониёнро ҳушдор додааст.
Ин ниҳод бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, аз 18 то 20-уми июли дар натиҷаи фаромадани ҳавои гарму хушк, баланд шудани заминаи ҳарорат дар назар дошта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, гармо дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз 47 дараҷа боло мешавад.
Ҳамзамон дар пайи боло рафтани ҳарорат, дар ноҳияҳои куҳӣ ва баландкуҳи кишвар омадани сели пиряхӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, бинобар боло рафтани ҳарорат дар куҳистон об шудани барф дар назар аст, ки боиси болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо хоҳад шуд.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Дар робита ба ин, КҲФ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар чунин вазъи ҳаво чанд тавсия ироа намудааст:
Камтар дар зери офтоб гардед, гирифтани чатр ва кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед;
Бештар об нӯшед;
Кӯдакону наврасон ва афроди солмандро барои эмин мондан аз оқибатз ин ҳам ҳавои гармтар бештар эҳтиёт кунед;
Ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бошед, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзаҳои оббозӣ ва шаршараҳо ҷиддан риоя кунед;
Ба либос эътибор диҳед. Дар чунин ҳаво либоси пахтагинро пӯшед;
Хӯрокҳои сабук, меваю сабзавот истеъмол намоед ва аз шириниву равғании зиёд канорагирӣ кунед;
Ҳарорати хонаро беш аз ҳад (+22+23) поин набаред;
Илова бар ин, КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо аҳамияткор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0