Устопириён осеб дидаст ва ба "Zagreb Grand Prix 2022" намеравад

© Таджикская федерация дзюдоКомроншох Устопириён
Комроншох Устопириён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро, ки қаблан интизор мерафт, дар сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" 8 варзишгар муаррифӣ мекунанд, 7 паҳлавон намояндагӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Комроншоҳи Устопириён, варзишкори шинохтаи тоҷик наметавонад, дар сабқати ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" иштирок кунад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, далели даст кашидани Устопириёнро аз иштирок дар ин сабқат осеб дидани пояш арзёбӣ намуд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки аз 15 то 17 июл дар шаҳри Загреби Хорватия Мусобиқаи ҷудои "Zagreb Grand Prix 2022" беш аз 500 варзишгар аз 71 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, кишварро дар ин сабқат 7 нафар муаррифӣ мекунанд:
Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг),
Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг),
Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг),
Алиҷон Сафаралиев (-66кг),
Наврӯз Каримзод (-73кг),
Шодмон Ризоев (-81кг),
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)
Иштироку дастовард дар ин мусобиқа барои варзишгарон имкон медиҳад, ки имтиёзҳои олимпӣ ба даст оранд.
Аз ҷумла барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.
Бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Шикасти навбатии мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар CAFA-2022
Маврид ба зикр аст, ки аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии ҷудо - "Grand Slam Hungary 2022" баргузор гардида буд, ки дар он паҳлавонони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро касб карданд.
Лентаи хабарҳо
0