Дар Чин гуфтанд, ки чӣ тавр Путин Ғарбро "шикаст"

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме
Президент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Расонаҳои чинӣ менависанд, дар шароити таҳримоти густурдаи Ғарб президенти Русия тавонист кишварҳои дар ҳоли рушдро ба тарафи худ ҷалб кунад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Даъватҳои Ғарб барои муттаҳидшавӣ алайҳи Русия дар дигар манотиқи ҷаҳон посухе наёфтанд, менависад рӯзномаи "South China Morning Post" дар Ҳонгконг.
Ба гуфтаи Муҳаммад Зишан, муаллифи матлаб, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия моҳирона тавонистааст пуштибонии кишварҳои рӯ ба тараққиро бигирад ва барномаи Ғарб дар мавриди Украинаро бишканад.
"Дур аз инзиво, раҳбари Русия дар ҳафтаҳои ахир бо раисиҷумҳури Индонезия Ҷоко Видодо, раиси ҷумҳури ба тозагӣ барканоршудаи Шри-Ланка Готабая Раҷапакса ва президенти Сенегал Маки Салл, ки ҳамзамон раиси Иттиҳоди Африқо аст, дар тамос буд",- ", қайд мекунад нашрия.
Нозир ҳамчунин таъкид кард, ки бо вуҷуди талошҳои намояндагони ғарбӣ барои канорагирӣ аз Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти G20, ращбари департаменти сиёсати хориҷии Русия бо ҳамкорон аз Чин, Ҳинд, Индонезия, Бразилия, Туркия ва Аргентина гуфтугӯи самимӣ дошт.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод. Баъзе кишварҳо дороиҳои Русия мунҷамид эълон карданд, бисёр брендҳо Русияро тарк карданд.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Макфол иқрор шуд, ки дар ИМА бисёриҳо ҷонибдори мавқеи Путин дар мавриди Украинаанд
Иттиҳодияи Аврупо аллакай шаш бастаи таҳрим, аз ҷумла эмбарго ба ангишт ва нафти Русияро ҷорӣ кардааст. Аммо ин барои худи Ғарб мушкилиҳо пеш овард, ки боиси якбора баланд шудани инфлятсия ва нархи озуқа ва бензин гардид.
Кремл ин маҳдудиятҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, ки то ҳол чунин надида буд ва бо манъи бозпас гирифтани маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ аз низоми молии Русия ва табдили пардохтҳои газ ба рубл чораҳои ҷавобӣ дод.
Тавре раисиҷумҳур Владимир Путин таъкид кард, сиёсати боздоштан ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи сахт заданд. Бо вуҷуди ин, ӯ мутмаин аст, ки рӯйдодҳои имрӯза зери ҳукмронии ҷаҳонии Ғарб чӣ дар сиёсат ва чӣ дар иқтисод хатеро мекашанд.
Лентаи хабарҳо
0