Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дастури Шойгу барои пурзӯр кардани амалиёт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Киев

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари вазорати дифои Федератсияи Русия амалиёти нерӯҳои низомии Русияро, ки супоришҳои амалиёти вижаро иҷро мекунанд, тафтиш кард
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дастур дод, ки иқдомоти нерӯҳои мусаллаҳи Русияро барои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаҳои густардаи режими Киев ба инфрасохтори ғайринизомӣ ва сокинони шаҳракҳои Донбасс ва манотиқи дигар афзоиш диҳад.
Вазорати дифоъ хабар дод, ки Шойгу гуруҳҳои нерӯҳои русии “Ҷануб” ва “Марказ”-ро, ки супоришҳои амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро иҷро мекунанд, тафтиш кардааст.
Вазир гузориши фармондеҳи гурӯҳҳо дар бораи вазъияти ҳозира, характери амалиёти душман ва рафти иҷрои вазифаҳои ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Русияро шунидааст.
Русия аз 24 феврал ба ин сӯ амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро ба манзури нозизудоӣ ва безарарсозӣ анҷом медиҳад.
Артиши Русия дар вилояти Запарожеи Украина 140 ҷангҷӯро нобуд карданд: видеои зарбаҳо
Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи президент, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Артиши Русия якҷо бо нерӯҳои ҶМД ва ҶМЛ ва як қисми муҳими Донетскро комилан озод кард.
Донетск боз гулӯлаборон шуд. Зарбаи артиши Украина ба вокзали автобус - видео
Дар баробари ин нерӯҳои Украина шаҳру деҳоти ҶМД ва ҶМЛ-ро пайваста тирборон карда, инчунин ба хоки озодшудаи вилоятхои Херсон, Запороже ва Харков, аз ҷумла бо истифода аз мушакҳои баллистикии "Точка-У" ва HIMARS MLRS зарба мезананд.
Қурбониёни ин ҳамлаҳо умдатан сокинони мулкӣ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0