Коршинос: ИМА мехоҳад ғалабаи иқтисодии худро бар ИҶШС такрор кунад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксП/к по итогам встречи Д. Байдена с президентом Финляндии и премьером Швеции
П/к по итогам встречи Д. Байдена с  президентом Финляндии и премьером Швеции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош дорад, ғалабаи иқтисодии худро бар ИҶШС чун дар солҳои 80-ум такрор кунад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад вазъияти 30 соли пешро такрор кунад, ки арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин рақобат тоб оварда натавонист ва ҳадафи сафари раҳбари Амрико Ҷо Байден ба Арабистони Саудӣ, низ ҳамин аст.
Коршиноси рус Андрей Суздалтсев мегӯяд, барои такрори ин вазъ, президент бояд чанд масъалаи мутақобиларо ҳал кунад.
"Ҳадафи аслии Байден ҳангоми боздидаш ба Ховари Миёна, ки аз Фаластин, Исроил ва ҳоло аз Арабистони Саудӣ, пирӯзӣ дар интихоботи миёндавраи Конгресс аст. Ҳамзамон, ӯ ду мушкилот дорад: дар сиёсат ин муноқиша бо Русия аст ва дар иқтисоди Амрико гузариши тадриҷан ба марҳилаи таназзул мушоҳида мешавад”, - гуфт коршинос ба РИА "Новости".
Дар мавриди таваҷҷуҳи раҳбари Амрико ба Арабистони Саудӣ, ин пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ин кишвар бузургтарин таъминкунандаи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст, мегӯяд коршинос.
"Масъалаи нафт ба марҳилаи охири солҳои 80 бармегардад, ки ИМА ва Арабистони Саудӣ иҷоза доданд, нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин равад ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин рақобат тоб оварда натавонист. ИМА мехоҳад, ки ин вазъро такрор кунад", - мегӯяд манбаъи оҷонсӣ.
Американский флаг. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Дар ИМА эътироф карданд, ки таҳримот алайҳи Русия нархҳоро гарон кард
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Байден дар ин қаламрав ду рақиб дорад. "Ин Русия аст, ки дар Ховари Миёна ҳузур дорад ва хеле устувор аст - ҳам пойгоҳҳо дорад ва ҳам дӯстон. Ва ҳатто мухолифони Русия аз он қадр мекунанд, ки Русия аз ҳампаймонҳояш даст намекашад ва ин барои ҷаҳони араб хеле муҳим аст", - шарҳ дод Суздалтсев.
Байден ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунаду Путин ба Эрон
"Ва дуввум, албатта, низоъ миёни шиъаҳо ва сунниҳо, Эрон ва Арабистони Саудӣ аст - ин ҳам ба вазъи минтақа таъсири зиёд мерасонад. Ва дар ин сурат барои Байден хеле душвор хоҳад буд. Зеро аз як сӯ , Ғарб мунтазири нафт ва гази Эрон аст. Аз тарафи дигар, вай бояд ба гунае содиқ будани Эронро ба як кишвари ғайриатомӣ нишон бидиҳад. Яъне вай бояд чанд масъалаи мутақобилан истисноиро ҳал кунад", - хулоса кард коршинос.
Президенти Амрико Ҷо Байден дар чорчӯби сафари худ ба Ховари Миёна дар ҳоли ҳозир бо нахустин сафари расмии худ дар Арабистони Саудӣ қарор дорад.
Рӯзи ҷумъа вай бо ҳайати худ бо раҳбари подшоҳӣ мулоқот ва ҳамчунин бо валиаҳд музокирот анҷом дод. Рӯзи шанбе ӯ бо валиаҳд мулоқоти дуҷониба дорад.
Лентаи хабарҳо
0