Бозори гарми легионерҳо тоҷик: кӣ куҷо рафт?

© Федерация футбола ТаджикистанаОлимпийская сборная Таджикистана
Олимпийская сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз оғози давраи гузариши тобистона чанд бошгоҳи олии ҷумҳурӣ якбора бо рафтани бозигарони хориҷӣ рӯ ба рӯ шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бо оғози таътили тобистона ва боз шудани равзанаи интиқол дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон тамоюли тарки легионерҳо аз дастаҳои маҳаллӣ мушоҳида мешуд.
Ҳамин тариқ, қаҳрамони кишвар "Истиқлол"-и Душанбе тасмим гирифт, ки аз ҳайати феълӣ аз чаҳор нафари хориҷӣ ҷудо шавад.
Пас аз ба итмом расидани муҳлати шартнома ҳимоятгар Никита Чичерин аз Русия, нимҳимоятгар Муҳаммад Исаев аз Ӯзбекистон ва ҳамлагар Рета Нома аз Ҷопон аз даста рафтанд.
Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бо тимаш Суперҷоми Булғористонро ба даст овард. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Дастаи нав ёфт: Умарбоев боз ба Булғористон баргашт
Илова бар ин, Эрик Бокум бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати иҷора дастаро тарк кард, ки аз Эрон ба бошгоҳи собиқаш "Гол Гоҳар" баргашт.
Аз дигар хабарҳои бозори трансфер ёдовар мешавем, ки Акобир Тӯраев ва Олим Каримов ба бошгоҳи "Эсхата" гузаштанд. Парвиз Боқи-Охунов, шояд ба "Истиклол" гузарад. Ҳамлагари африқоӣ Идрис Амину ССКА-и пойтахтро тарк карда, ба лагери "Истиқлол" рафт.
Дар ҳамин ҳол, футболбоз Ойбек Абдуғафоров аз "Истаравшан" рафт ва акнун ба дастаи нав мегузарад.
Бошгоҳ инчунин нимҳимоятгар Саидмухтор Азимовро аз даст дод - шартнома бо мувофиқаи тарафайн қатъ карда шуд. Азимов узви дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-23) мебошад.
Аз онҳое, ки дар хориҷа бозӣ кардаанд, қайд мекунем, ки Нозим Бобоҷонов аз тими "Ал-Аҳлӣ"-и Баҳрайн рафт ва эҳтимолан ба "Регар-ТадАЗ" мегузарад. Парвиз Умарбоев, ки аз "Локомотив"-и Пловдив рафт, метавонист ба "Истиқлол" равад, аммо бозигарро дастаи ССКА София гирифт.
Эхсони Панджшанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
Футболбози муваффақи тоҷик фаъолияти худро дар Эрон идома медиҳад: нархи гузариш
Эҳсони Панҷшанбе аз “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон акнун дар бошгоҳи Лигаи Эрон – “Зубоҳан” бозӣ мекунад.
Аммо Шериддин Бобоев, ки дар "Мактаарал"-и Қазоқистон бозӣ мекард, аз даста рафт ва ҳоло дар ҷустуҷӯи бошгоҳи нав аст.
Легионери дигари тоҷик Зоир Ҷӯрабоев, ки дар дастаи "Сурхон"-и Ӯзбекистон бозӣ мекард, ба "Нефтчӣ"-и Фарғона гузашт, ки ахиран сармураббии он Виталий Левченко шуд.
Илова бар ин, ба тамоми бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон огоҳ карда шудааст, ки имкон доранд барои мавсими баъдӣ то 1 август бозигарони навро ба ҳайаташон шомил кунанд. Пас аз ин муддат аризаи варзишгарони нав имконнопазир аст.
Лентаи хабарҳо
0