Маскавиҳо ба сокинони Донбасс беш аз 830 тонна кумаки башардӯстона фиристоданд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВыезд колонны с гуманитарным грузом из Краснодара в Херсон
Выезд колонны с гуманитарным грузом из Краснодара в Херсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Бошандагони Маскав барои сокинони Донбасс беш аз 830 тонна кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ карданд. Онҳо панҷ моҳ аст, пайваста ашёи ниёзи аввалро мефиристанд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Сокинон ва созмонҳои пойтахт дар чорчӯби маъракаи кумаки Маскав барои сокинони Донбасс беш аз 830 тонна кумаки башардӯстона ҷамъоварӣ кардаанд, хабар медиҳад портали шаҳрдории Маскав.
"Дар тӯли панҷ моҳ москавиҳо интиқоли ашёи ниёзи аввалро ба сокинони Донбасс, ки иҷборан хонаҳояшонро тарк кардаанд, идома доданд. Аз оғози амалиёти ситоди "Моска помогает" аллакай 832,9 тонна кумаки башардӯстона фиристода шудааст", — омадааст дар сомона.
Қайд мешавад, ки москавиҳо бештар бозичаҳо барои кӯдакон маводи ғизоӣ ё мол, инчунин маводи гигиении шахсӣ, маводи канселярӣ ва либос меоранд.
Русия ба Украина беш аз ҳазор тонна кумаки башардӯстона кард - видео
"Хӯрокворӣ, лавозимот барои кати хоб ва сару либос ва ҳатто оддитарин чизҳое, ки ба хонаводаҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск лозиманд, фиристода мешавад. Аз оғози кор 12 нуқтаи қабули кумакҳои башардӯстона, беш аз 26,6 ҳазор нафар сокинони шаҳр ва 71 созмон дастгирӣ кардаанд. Москавиҳо беш аз ду миллион адад моли гуногун ҷамъоварӣ карданд", - гуфт Екатерина Драгунова, раиси Кумитаи робита бо ҷомеа ва сиёсати ҷавонони Маскав.
Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод
Гуфта мешавад, ки кумакро аз Маскав ба марказҳои ҷойгиркунии муваққатӣ Салиби Сурхи Русия ва ВҲФ-и Русия дар Маскав интиқол медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0