Қарзҳои бузурги андоз: кӣ афзудаасту кӣ пардохт кардааст? – омор

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳиссаи қарздорони бузург дар афзоиши қарзи андоз ҳудуди 40 ва дар қарзи умумӣ 50,2%-ро ташкил мекунад. Ин мизон дар ним сол танҳо ду фисад коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тайи нимсолаи гузашта бархе ширкату корхонаҳо бар қарзҳои худ дар андоз афзуда, бархе ҳам тавонистаанд ба таври назаррас қарзашонро коҳиш диҳанд.
Кумитаи андози Тоҷикистон ҳар андозуспорандаеро, ки қарзаш аз 500 ҳазор сомонӣ бештар аст, қарздори бузург эътироф мекунад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир 11 ширкату муассиса дар Тоҷикистон ба рӯйхати қарздорони бузург дохил мешаванд, ки дар умум 503, 1 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздоранд. Ин қарз дар оғози соли равон 419,4 буд ва ҳоло ба 83, 6 миллион сомонӣ афзудааст.
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Мараторияи андоз буҷаи давлатро "хароб" кард
Дар ҳамин ҳол, аз 11 ширкату корхонае, ки қарздори бузург ба ҳисоб мераванд, фақат 4 адади онҳо бар қарзи худ афзудаанд. Бақия муваффақ шудаанд, ки қарзҳои худро коҳиш диҳанд.
Чоргонаи қарздороне, ки қарзҳои андозашон рӯ ба афзоиш аст, аз нерӯгоҳи Сангтӯда – 1 шуруъ мешавад. Ин ширкат то 1 январи соли равон 170,6 миллион сомонӣ қарздор буд ва ҳоло қарз ба 245,5, ё 74,9 миллион сомонӣ афзудааст.
Қарзи “Тоҷиктелеком” аз 84,2 ба 87,2 (3 миллион сомонӣ), нерӯгоҳи “Роғун” аз 38,9 ба 55,7 (16,7) ва Корхонаи воҳиди ММЭР (Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиоманиторинги “Тоҷиктелеком”) аз 30,9 ба 33,6 (2,7) миллион сомонӣ бештар шудааст.
Пешгоми қарздороне, ки ба гунаи назаррас қарзи андозашонро коҳиш додаанд, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аст, ки тайи ним соли ахир қарзашро аз 12,4 ба 3,3, ё 9 миллион сомонӣ кам кардааст.
Коҳиши қобили таваҷҷӯҳ дар қарзи ширкатҳои “хонаводаи “Талко” низ дида мешавад. Тайи ним соли гузашта “модар” - Ширкати алюминиуми тоҷик ё “Талко” - қарзашро аз 27, 9 ба 22, ё 5,9 миллион сомонӣ коҳиш додааст.
Қарзи яке аз “духтарон” – и “Талко” - “Талко Ресурс” аз 32,2 ба 29,9, ё 2,2 миллион сомонӣ кам шуд.
Дигарӣ - “Алюминсохтмон” ҳам қарзашро аз 18,6 ба 18,5 миллион, ё 100 ҳазор сомонӣ коҳиш дод.
Мужчина в кабинете бизнес-инкубатора в технопарке в сфере высоких технологий  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Блогерҳо дар Тоҷикистон миллионҳо сомонӣ андоз супоридаанд
Шабакаи таҳсили маълумотҳои “Тоҷиктелеком” ҳам қарзашро аз 3,3 ба 2,4, ё 0,9 миллион сомонӣ кам кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд бо 3,6 миллион сомонӣ ва Фурудгоҳи байнулмилалии Бохтар бо 904 ҳазор сомонӣ ба сафи қарздорони бузург пайвастаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, тайи ним соли гузашта қарзи умумии андоз дар кишвар аз 806 миллиону 357 ҳазор ба 1 миллиарду 2 ҳазору 853, ё 196 миллиону 495 ҳазор сомонӣ афзудааст.
Ҳиссаи қарздорони бузург дар афзойиши қарзи андоз ҳудуди 40 ва дар қарзи умумӣ 50,2% - ро ташкил мекунад. Ин рақам дар оғози сол 52% буд.
Лентаи хабарҳо
0