Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия кори "Мста-С"-ро намоиш дод - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Федератсияи Русия кори дастгоҳҳои артиллерияи худгардро дар якҷоягӣ бо ҳавопаймоҳои бесарнишини ислоҳкунанда намоиш дод
Тирандозони Русия ширкат дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украинаро идома медиҳанд.
Миёни мошинҳои зиреҳпӯш мошине таҳти унвони "Мста-С" аст, ки аллакай қаҳрамон гардидааст.
Дар видео, ки ҳавзаи низомии ғарбии вазорати дифои Русия мунташир кардааст, амалиёти ин тупҳои худгардро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи фармондеҳи "Мста-С" Иван, экипажи вай обектҳои зиёдеро зарба задааст.
"Таъиноти ҳадафӣ асосан аз ҳавопаймоҳои бесарнишин мерасад. Онҳо моро ислоҳ мекунанд. Аз лаҳзае, ки ҳавопаймои бесарнишин ҳадафро пай бурд, як-ду дақиқа мегузарад ва мо омодаем оташ кушоем. Мо экипажи ҳамоҳангшуда дорем. Аз ин рӯ, мо мушкилот надорем”, - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи амалиёти вижаи низомиро 24 феврал дар Украина оғоз кард.
Дастури Шойгу барои пурзӯр кардани амалиёт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Киев
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина", анҷом дода шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0