Орешкин: Русия коре мекунад, ки SWIFT дигар даркор намешавад

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПМЭФ-2022. Сессия. Российская экономика: современные вызовы и точки опоры
ПМЭФ-2022. Сессия. Российская экономика: современные вызовы и точки опоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Кремл ҳадаф дорад, аз тариқи сенарияе кор кунад, ки ҳангоми тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ аз ниҳодҳои молӣ ва абзорҳои боэътимод истифода шавад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Русия нақша дорад, ки низоми тиҷорати хориҷии худро тавре таъсис диҳад, ки зарурати истифодаи SWIFT аз байн равад.
Дар ин бора зимни суханронии худ дар анҷумани "Территорияи смыслов" ёвари президенти Русия Максим Орешкин изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазифаи аслии мақомот фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
"Ҳафтаи оянда мо бо шарикони туркии худ мулоқот хоҳем кард ва дар бораи роҳандозии пардохтҳо гуфтугӯ хоҳем намуд. Бо Чин, воқеъан, ҳоло вазъ зина ба зина беҳтар шуда истодааст ва боз ҳам беҳтар хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Орешкин инчунин таъкид кард, ки бо ҳамкасбони чинӣ идеяҳое коркард мешаванд, ки "метавонанд вазъиятро ба таври куллӣ тағйир диҳанд".
Илова бар ин, ёвари президент гуфт, ки кишвар қасд надорад иқтисоди пӯшида дошта бошад, баръакс, нақша дорад бо ҳама аз кишварҳои хориҷ ҳамкорӣ кунад, аммо барои ин ниҳодҳои боэътимоди молиявӣ лозим аст.
Си Ҷинпин: Таҳримҳо мисли "бумеранг" ба кишварҳое, ки ҷорияшон карданд бармегарданд
"Мо мебинем, ки гардиши юан низ хеле меафзояд, гардиши рубл ҳам меафзояд, ин зина ба зина сурат хоҳад гирифт, мо чунин механизмҳоеро пайдо мекунем, ки ин равандро боз ҳам соддатар кунанд", - хулоса кард Орешкин.
Қаблан маълум шуд, ки дар Русия аналоги муосири SWIFT-ро дар асоси блокчейн таҳия кардаанд.
Технология барои озмоиш омода аст ва аллакай натиҷаҳои баланд нишон медиҳад ва суръати тарҳрезӣ ба 25 000 паём дар як сония мерасад.
Лентаи хабарҳо
0